3 медали тилло ва 1 нуқра натиҷаи варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ

Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ баргузор гардид.

Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарони тоҷик бениҳоят натиҷаи хуб нишон доданд. 4 варзишгари тоҷик дар вазнҳои мухталиф барандаи медалҳои мусобиқа гардиданд.

Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг бо шикаст додани рақибаш аз Русия, Абрек Нагучев аввалин қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ дар вазни мазкур гардид.

Дар баробари Муллораҷаб, ҳамчунин Масъуди Аҳмадзод дар вазни 71 кг дар финал Дилшод Бӯриеви ӯзбекро шикаст дода, аввалин қаҳрамони ин вазн дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ гардид.

Дар миёни сангинвазнҳои мусобиқаи гӯштингирӣ, дар финал варзишгарони ҳамсоякишвар Шакармамад Мирмамадов гуштингири тоҷик ва варзишгари ӯзбек 5 карата қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштини Кураш – Муҳсин Ҳисомидинов бо ҳам барои қаҳрамонӣ мубориза бурданд. Дар ин мубориза Шакармамад Мирмамадов қаҳрамон гардид.

Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кг миёни бонувон то ба финал баромада, дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ бо варзишгари ӯзбек Гӯлноза Матниёзова рақобат намуд ва мағлуб гардид. Ӯ соҳиби медали нуқраи мусобиқа шуд.

Ба ҳамин тартиб рӯзи аввали мусобиқа ба охир расид. Фардо 31-уми август дар вазнҳои дигар мусобиқа идома меёбад.

Қаҳрамонии варзишгаронамон ба кулли мардуми тоҷик муборак бошад!

Зоирзода Рустам

радиои “Тоҷикистон”