Кумитаи ҳифзи муҳити зист дӯстдорони “трейлраннинг”-ро ба Ниммарафони кӯҳии ЭКО даъват мекунад

Имкониятро барои иштирок дар ин чорабинии беназир аз даст надиҳед! Ниммарафони кӯҳии ЭКО, ки бори аввал дар Панҷакент баргузор мегардад, дӯстдорони “трейлраннинг”-ро, ки мехоҳанд роҳҳои зебои кӯҳиро фатҳ кунанд ва дар як иқдоми муҳими экологӣ саҳм гузоранд муттаҳид мекунад. Иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки аз манзараҳои зебо лаззат баранд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ аз 5 то 7 сентябр баргузор мегардад ва сабти ном 1 сентябри соли 2024 ба охир мерасад. Шитоб кунед ва ҷойи худро дар ин чорабинии бузург таъмин намоед! Имкониятро аз даст надиҳед, ва тавассути роҳҳои зебои Панҷакент гузаред ва дигаронро ба ҳаёти солим ва экологӣ илҳом бахшед.

Бояд гуфт, ки “трейлраннинг”, яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда, ба ҳисоб меравад, ки бештар варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Ин танҳо давидан нест, балки як озмоиши ҳақиқии устуворӣ аст, ки ҳар қадам шуморо ба ҳамоҳангӣ бо табиат наздиктар мекунад. Бо иштирок дар Ниммарафони кӯҳии ЭКО, Шумо на танҳо қувваи худро меозмоед, балки дар ҳифзи муҳити зист низ саҳм мегузоред.