Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмиллалии гўштингирӣ бо ҷонибдории бевоситаи Ҳукумати мамлакат хосса Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 30-31 августи соли 2024 дар Муассисаи давлатии Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинии сатҳи баланд иштироки варзишгарони зиёда аз 60 давлати дунё дар назар дошта шуда, қувваозмоиҳо аз рўи вазнҳои -65кг, -71кг, -78кг, -86кг -95кг, +95кг миёни мардон ва вазнҳои 52кг, -70кг ва +70кг миёни бонувон рӯйи даст гирифта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии ин чорабинии фароҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ширкат намуданд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки гӯштингирӣ риштаи варзиши суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад. Дар ҳазорсолаҳои пешинаи сарзамини тоҷикнишин гӯштин аҳамияти бузурге дошта, гӯштингирӣ дар зиндагӣ ва оинҳои тоҷикон то он ҷое реша дорад, ки ин варзиши дӯстдоштанӣ ба як варзиши миллӣ табдил ёфт.
Дар маросими кушодашвии аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ барномаи мутантани фарҳангӣ, ки инъикосгари фарҳангу тамаддуни бою рангини мардуми тоҷик мебошад, пешкаши меҳмонон карда шуд.
Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 400 000$ доллари америкоиро ташкил дода, ҳам миёни мардону ҳам байни бонувон барои ҷойи якум 20 000$ доллари америкоӣ, барои зинаи дуюм 10 000$ доллари америкоӣ ва барои ду ҷойи сеюм 5000$ доллари америкоӣ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон ва ҷоизадорони даставӣ барои ҷойи якум 5000$ доллари америкоӣ барои ҷойи дуюм 3000$ доллари америкоӣ ва барои ҷойи сеюм 2000$ доллар пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи нав сабт гардид. Дар қатори дигар арзишҳои фарҳангии мо, аз ҷумла Наврӯз, Шашмақом, чакан, Саразм яке аз кӯҳантарин риштаҳои варзиши халқи тоҷик гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” мақоми байналмилалӣ касб кард.
Аз ҷониби Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон корҳо дар самти муаррифии бештари намуди зебои гӯштин, ҷарён доранд. Ҳоло дар Федератсияи Россия, кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Эрон намояндагии Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” таъсис ёфтааст. Баргузории сатҳи баланди ҳафт мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар Тоҷикистон ба беҳтар гардидани сатҳу сифати кори доварон ва омӯзиши қоидаҳои варзиши суннатии мо мусоидати амиқ намуд. Ин буд ки Чемпионати аввалини Осиё оид ба гӯштингирӣ соли 2023 бо шаҳомати бузург дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти Бозиҳои миллии варзишӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тарҳи либосҳои нави гӯштингирӣ ва қоидаву усулҳои ҷадиди гӯштингирӣ сазоворона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва эътироф гашт,ки дар он рамзҳои милливу давлатӣ, анъанаҳои ниёгони мо дар тули қарнҳо таҷассуми худро ёфтанд. Имрӯз аз рӯйи ин қоидаву усулҳо Чемпионати ҷаҳон рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳамзамон Федератсия барои рушду густариши варзиши гӯштингирӣ ҳамасола дар кишвар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба Наврўзи Аҷам ташкил менамояд, ки варзишгарони зиёд аз гӯшаву канори ҷаҳон ширкат менамоянд.