Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 21 август дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ мегардад.
Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ду панел: «Сармоягузории мутақобила-роҳҳои нави ҳамкорӣ» ва «Инноватсия ва технологияҳои муосир-манбаи имконияти сармоягузорӣ» гузаронида мешавад. Доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории ду давлатро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ менамоянд.
Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардида, ҳамзамон лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Интизор меравад, ки дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду давлат баргузор шаванд.
Инчунин аз рӯйи натиҷаи вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.