Оғози Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон

Шоми дирӯз дар кинотеатри Ватан рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар чорабинӣ намояндагони синамои Ҷумҳурии Қазоқистон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин алоқамандони соҳаи кино иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД Тоҷикфилм суханронӣ карда, иброз намуд, ки Тоҷикистону Қазоқистон дӯст ва шарики стратегӣ ҳастанд ва мо умедворем, ки дар оянда бо Ҷумҳурии дӯсти Қазоқистон ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо ба роҳ монда, филмҳои муштарак ба навор хоҳем гирифт.

Дар идома Ғанӣ Муродов сардори Раёсати киноматаграфияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон баромад карда, қайд намуд, ки дар баробари ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, ҳамчунин мубодилаи фарҳангӣ ҳам ба мустаҳкамшавии дӯстии халқҳо замина мегузорад, аз ин рӯ мо тасимим дорем, ки дар доираи рӯзҳои кино ҳамчунин идеяи ба навор гирифтани филми муштаракро бо МД. Тоҷикфилми Ҷумҳирии Тоҷикистон баррасӣ намоем. Баъд аз суханрониҳои намояндагони синамои Тоҷикистону Қазоқистон филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ»  ба намоиш гузошта шуд, ки он ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи рӯзҳои кинои Қазоқистон ҳамчунин имрӯз филми ҳунарии «Амалиёти Набот» ва  филми ҳунарии «Дос Мукасан» дар кинотеатри ба номи «Тоҳир Собиров» – и шаҳри Душанбе намоиш дода мешаванд.

Сарвинози Сайидвалӣ,

радиои “Тоҷикистон”