Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эълон гаштани соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароои солҳои 2021-2025” озмуни шаҳриро дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе эълон менамояд.
Озмуни мазкур дар се номинатсия: “Ноҳияи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Муассисаи беҳтарин” гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе ҳамовозӣ аз дастгирии доимӣ, таваҷҷуҳу фаъолияти самараноки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тозагию хуррамгардонии ноҳияҳо, маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, ба хусус ҷавонону наврасон мебошад. Бо ин мақсад озмуни мазкур ба паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани он дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии анъанаҳои беҳтарини миллӣ равона мегардад.
Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани “Ноҳияи беҳтарин” ва “Маҳаллаи беҳтарин” аз инҳо иборат аст: ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ; ҳолати тозагии роҳҳо; ҳолати санитарии маҳалҳо; мавҷудияти нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, ҳолати санитарии онҳо; сабзгардонӣ ва гулзоркунӣ; ниҳолшинонӣ ва ҳолати сабзиши онҳо; натиҷаҳои аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил”; сатҳи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир ба ҳифзи муҳити зист; истифодаи мақсадноки маблағҳо барои корҳои беҳдошти муҳити зист; насби шиору овезаҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи муҳити зист; тазагии ҷӯйборҳо, роҳу роҳравҳо; ободонии атрофи роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани “Муассисаи беҳтарин” аз мавҷуд будани қуттиҳои партов; ҷамъкунӣ, ҳолати тозагии гирду атроф; сабзазоркунӣ ва гулшинонӣ; ҳолати намои бинои муассисаҳо; мавҷудияти дарахтону навниҳолҳо, нигоҳубин ва ҳолати сабзиши онҳо иборат мебошад.
Ноҳияи беҳтарин, маҳаллаи беҳтарин ва муассисаи беҳтарин тибқи тартиби муқарраргардида муайян гардида, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотҳо сарфароз гардонида мешавад.
Бо Низомномаи озмун аз суроғаи интернетии www.tajnature.tj метавонед шинос шавед.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: 235-44-30; 777-16-22-75