Меҳри модар ва ҳимояи ҳуқуқҳои фарзандон – омили хушбахтии оилаҳост

Яке аз асосҳои пешравии ҷомеаи мутамаддин оилаи солиму бофарҳанг аст. Маҳз тавассути фарзандони солиму бофарҳанг, боилму дониш ва фарзонаи миллат давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта хоҳад шуд.

Модар баробари ба дунё омадани тифлаш як ҷаҳон меболад ва таманнои онро менамояд, ки ҷигарбандаш   беолоиш ба воя бирасад.  Бо тамоми ҳастӣ ва орзӯҳои нек ӯро ба воя мерасонад.  Бояд ҳар як падару модар ба қадри фарзанд бирасанд. Ба фарзанд меҳру муҳаббат ва муҳити оромро муҳайё намоянд. Тамоми шароити хуби зиндагиро бояд таъмин намоянд, зеро фарзанд вуҷуди ҳар як волидайн ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид сӯҳбате доштем бо равоншинос Нафиса Юнусова, ки мегӯяд: «Кӯдак бояд дар шароити оила дар муҳити меҳру муҳаббат ва хушбахтӣ рушд ёбад. Меҳру муҳаббати волидон дар оила албатта мавқеи бузург дорад. Давлат барои нигоҳубини тифл модарро аз ҷойи кор се сол рухсат дода, кӯмакпулӣ барои парастории тифли ӯ пардохт мешавад”.

Муносибати меҳрубононаи волидон бо фарзандон дар камолоти инсонӣ ва тарбияи кӯдак нақши хеле бориз дорад. Модар сарчашмаи ҳаёт буда, фарзанд меваи умри инсон аст. Бунёди оилаи солиму бомаърифат маҳз аз меҳру муҳаббати зан-модар сарчашма мегирад. Дар ин маврид равоншинос, Нафиса Юнусова дар идомаи сӯҳбаташ ба ин мавзуъ ишора намуд. «Баъзе аз занҳо кӯдаки се моҳа, чормоҳа ё шашмоҳаашонро ба ягон шахсони наздик ё парастор монда ба кор мебароянд. Кӯдаки ширмакро бемодар мумкин нест. Ҳолатҳоеро мушоҳида мекунем, ки модарон соатҳои тӯлонӣ тифлони хӯрди худро монда баромада аз паси дигар корҳо машғул мешаванд. Вақте ки кӯдак аз модар дур мешавад, ӯ бисёр нороҳат аст. Модар ҳангоме ки ба ягон ҷо рафтанӣ мешавад, кӯдак аз домонаш медорад. Намехоҳад, ки модараш аз вай дур шавад. Падарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз як ҷиҳат таъминоти иқсодии оила муҳайё мешавад, вале аз ҷиҳати дигар  дилбастагӣ, меҳру муҳаббат ба фарзандони онҳо намерсад»,-таъкид дошт ҳамсӯҳбати мо.

Нафиса Юнусова

Мутаассифона, имрўз на ҳамаи падару модарон ба қадри кӯдакони  худ намерасанд. Кӯдаконро дар муҳити тарсу ҳарос ба воя мерасонанд. Ба ҳар як рафтори кӯчаки кӯдак ӯро сарзаниш намуда, бо ӯ дағалона муносибат мекунанд. Ҳар як фарзанд интизори меҳру муҳҳабати волидон аст.  «Баъзан модарон фарзандони мо эрка мешаванд, аз худ мераванд гуфта ба онҳо меҳру муҳаббат намедиҳанд, вале кӯдак бахшанда аст. Чи қадар мо ҷанҷол мекунем, сарзаниш мекунем, баъзан мезанем, вале чанд лаҳза пас боз ҳама чиро фаромӯш мекунанд, ба назди мо меоянд ва моро ба оғӯш мегиранд. Дар баъзе мавридҳо нофаҳмиҳое, ки дар оила байни зану мард ба вуҷуд меояд, қасдро аз кӯдак мегиранд. Вақте ки мо кӯдакро бисёр ҷазо медиҳем, ӯ алакай дуруғгӯ мешавад, то ин ки худашро муҳофизат карда, аз тарс гуноҳҳои худро рӯйпуш кунад» мегӯяд равоншинос, Нафиса Юнусова.

Зисту зиндагии калонсолон дар хонавода, ғаму ташвиш, муомилаи калонсолон метавонад аз ҷиҳати равонӣ ба аъзои хӯрди оила, яъне фарзандон таъсир расонад? Бо ин суол ба равоншинос, Нафиса Юнусова муроҷиат кардем, ки чунин посух дод: “Модар бояд кӯдакро дӯст дорад, пеш аз ба дунё оварданаш. Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки вақте ки кӯдак дар батни модар аст, ҳолати равонии модар ҳатман бевосита ба тифли дарбатнбудаи ӯ таъсир мерасонад. Ҳар як падару модар образи кӯдаки ояндаашонро бояд алакай ҳис кунанд, тасаввур кунанд ва ба ӯ дил банданд”.

Инчунин, ӯ қайд намуд, ки баъд аз таваллуд шудани кӯдак волидон  набояд дар назди фарзанди худ ҳар гуна мушкилиҳо ё   амалҳое, ки ба равони ӯ таъсир мекунанд, анҷом диҳанд. Вайроншавӣ дар инкишофи равонию зеҳнии кӯдак – хотира ва тафаккури ӯ пайдо мешавад. «Он метавонад ба бемориҳои равонӣ оварда расонад. Кӯдак шабҳо бо тарс нороҳат мехобад, ҳар гуна хобҳо мебинад. Илми муосир исбот кардааст, ки зиёда аз 90 фоизи бемориҳои рӯҳӣ сабабҳои равонӣ доранд» – изҳор дошт ӯ.                                                                                                         

Вақте волидайн орзӯи ба дунё овардани фарзандро менамоянд, бояд аввал фикр онро кунанд, ки оё аз уҳдаи таълиму тарбия ва меҳру муҳаббати онҳо баромада метавонанд ё на? Ва оё шароити хуби зиндагиро баҳри онҳо муҳайё месозанд? Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд. Таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи волидон аст. Дар моддаи 21-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» гуфта шудааст, ки: «Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошад, баҳраманд шавад».

Дар ҷои дигари Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»  дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ба таври зайл ишора мешавад: «Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баробар доранд».

Суҳайлӣ Қодирӣ

Вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон дар оила  мо бо ҳуқуқшинос, сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак, Суҳайлӣ Қодирӣ ҳамсӯҳбат шудем. Зимни сӯҳбат ӯ иброз намуд, ки  яке аз масъалаҳои муҳим дар муҳити оила таълиму тарбия ва ба воя расидани кӯдак мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки вакте падару модар аз кор ё дар муҳоҷиратанд, кӯдак аз меҳру муҳаббати ё модар ё падар маҳрум мешавад. Новобаста аз он ки таъминоти кӯдак дуруст аст ё ӯ таҳсил мекунад.  Вале набудани худи ҳамин меҳри калонсолон, аз ҷумла падару модари вай  бевосита ба рӯҳияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. «Кӯдаконе, ки аз меҳру муҳаббат бе баҳра мемонанд, онҳо оянда дар зиндагии мустақилонаи худ наметавонанд ҳамин меҳру муҳаббатро ба фарзанди худашон диҳанд»- гуфт дар идома.

Суҳайлӣ Қодирӣ мегӯяд, ки :«Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, вобаста ба таъмини манфиатҳои онҳо бештар занон муроҷиат мекунанд, ин маънои онро дорад, ки ҳамин тавозун байни уҳдадориҳои зану мард, падару модари кӯдак риоя намешавад. Ҳолатҳое мешаванд, ки бо сабаби вазъи иқтисодии оила падару модар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан волидон кӯдаконро дар тарбияи бобову бибӣ ё аъзоёни дигари оила мемонанд. Кӯдакон беназорат монда аз меҳри падару модар маҳрум мешаванд. Тарбияи нодуруст мегиранд. Ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Зери зӯроварӣ қарор мегиранд.  «Кӯдак дар оила барои интихоби ояндааш бояд аз падару модар маслиҳат пурсад, барои ҳар амали некаш ҳавасманд карда шавад ва аз ҷониби падару модар дастгирӣ ёбад. Ин боиси он мегардад, ки кӯдак рӯҳияаш баланд мешавад,  дар зиндагӣ бо як умеду орзу ба воя мерасад. Кӯдакии ӯ бояд ки дар муҳити хуб, хуш созгор гузарад. Ӯ бояд озод бозӣ кунад, истироҳат кунад ва рушд ёбад».мегӯяд ҳуқуқшинос, Суҳайлӣ Қодирӣ.

Ҳар шахсе, ки оила бунёд менамояд, барои пеш бурдани он бояд ҳамаҷиҳата омода бошад, то ин ки тавонад аз ӯҳдаи зиндагидорию таълиму тарбияи фарзандон барояд.

Нақши оила барои меҳру муҳаббати фарзанд хеле калон аст,  ки дар марҳилаҳои аввал кӯдак бояд аз вай баҳраманд гардад. Муҳити солими оила, муносибати хуб бо фарзандон ва ғамхориву меҳрубонӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар яки мову шумост.

Зарина Мухторзода,

радиои «Тоҷикистон»