Аҳaмияти пардохти ғайринақдӣ ва имкониятҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар ин самт

Давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ бузург меъёри ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро барои кишвари худ асос дониста ва тибқи стандартҳои муосири он соҳаҳои иқтисоди худро ба роҳ мондаанд. Имрӯз аксари кишварҳои Аврупо комилан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гузашта ва аз манфиатҳои он фаъолона истифода мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият ва мустақилияти иқтисодӣ сол аз сол барои пешбурди соҳаи иқтисоди худ барномаҳои муҳим қабул карда ва дар асоси он амал менамояд. Яке аз чунин барномаҳои муҳимми кишвар, ки дар аксари лоиҳаҳои стратегӣ омадааст, ин зина ба зина гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Ҳоло дар ин замина мувофиқи дустурҳои Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии кишвар фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Аҳамияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва давра ба давра гузариш ба он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 23-уми декабри соли 2022 баён гардидааст,  махсус зикр карда мешавад.  Ҳамчунин, дар ин самт 22-уми июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба имзо расид, ки тибқи он пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” имрӯзҳо ба соҳаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, давра ба давра талош мекунад, то дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Яке аз самтҳои стратегӣ ва дурнамои фаъолияти Бонк низ маҳз ба соҳаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нигаронида шудааст. Яъне Аввалин бонки молиявии хурд гузариш ба пардохти ғайринақдии кишварро, ки яке аз соҳаҳои пешбурди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, асоси фаъолияти худ қарор додааст.

Соли гузашта ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” барномаи мобилии худро бо унвони “FMFB MOBILE” бо тарҳи одӣ, қулай ва бехатар ба мизоҷон пешниҳод кард, ки он зиёда аз 400 намуди амалиётро иҷро менамояд. Бо пешниҳоди барномаи мазкур, “Аввалин бонки молиявии хурд” кӯшиш кардааст, барои сокинони кишвар заминае фароҳам оварад, ки то амалиётҳои бонкиро онлайн, осон ва қулай иҷро кунанд. Интерфейси корбарии ин барнома хеле сода тарҳрезӣ шудааст, то истифодаи он низ ба ҳамагон осон ва фаҳмо бошад. Дар замимаи мобилӣ мизоҷон метавонанд, тамоми суратҳисобҳои худро идора кунанд, маҳсулоти нав кушоянд ва ба дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд. Қобилияти замимаи мобилии “Аввалин бонки молиявии хурд” хеле васеъ мебошад. Аз ин рӯ, FMFB MOBILE бо сохтор ва намуди муосири худ, метавонад ниёзҳои гуногуни мизоҷонро дар соҳаҳои алоҳида қонеъ созад.

Шояд яке аз амалиётҳои серталаб ва зуд-зуд ба назар мерасида – дар ҳаёти ҳаррӯза ин интиқоли пул бошад, ки мизоҷон метавонанд, онро аз усулҳои гуногун, аз ҷумла байни суратҳисобҳо, аз корт ба корт ва ғайра тавассути FMFB MOBILE ба осонӣ интиқол диҳанд. Барнома метавонад, дар суръат бахшидани раванди интиқоли пул нақши муҳим бозад.

Мусаллам аст, ки сокинони кишвар аз мағозаҳои гуногун харид менамоянд. Аз ин рӯ, истифодабарандагон ба воситаи FMFB MOBILE амалиётҳои пардохти харидро бисёр осон иҷро мекунанд. Бо вуҷуди ин, вақт арзишманд аст ва табиист, ки мизоҷон ин равандро ҳар қадар зудтар анҷом диҳанд, ҳамон қадар вақт ва нерӯ сарфа мегардад.

Инчунин, иҷрои амалҳо барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба воситаи FMFB MOBILE хеле осон ва қулай мебошанд.

Агар мизоҷ дар FMFB MOBILE суратҳисоб дошта бошад ва хоҳад, ки таҷрибаи замонавӣ ва сатҳи баланди анҷом додани амалиёти бонкии худ дар интернетро дошта бошад, FMFB MOBILE бо роҳи қулай барои ноил шудан ба ин ҳадаф кумак мекунад.

Ҳамчунин, агар корти бонкии мизоҷ гум шавад, бо истифода аз ин барнома зуд ва бо осонӣ онро маҳкам карда метавонад, то аз сӯистифодаи эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда шавед.

Аввалин бонки молиявии хурд бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар соҳаи пардохти музди маош ҳамкорӣ дошта, амалиёти мазкурро аз рӯйи меъёрҳои байналмилалии соҳа иҷро менамояд.

Ҳамчунин, дар Бонк низомҳои пардохтии Корти миллӣ ва VISA барои иҷрои амалиётҳои ғайринақдӣ пешниҳод карда шудаанд.

Бонк пайваста кӯшиш дорад, ки инфросохтори пардохтии худро барои қабулу пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо пурра аз рӯйи стандарҳои муосири байналмилалӣ омода созад.