Дар Париж маросими пӯшидашавии бозиҳои олимпӣ баргузор шуд

Дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и шаҳри Париж маросими пӯшидашавии бозиҳои олимпӣ баргузор гардид. Президенти Фаронса Эмануэл Макрон, раиси Кумитаи олимпӣ Томас Бах ва раиси УЕФА Ҷанни Инфантино ҳамроҳ бо ҳазорон варзишгар ва даҳҳо ҳазор тамошобин дар варзишгоҳ ҳузур доштанд. Маросими кушодашавии бозиро Эммануэл Макрон ва Томас Бах ифтитоҳ карданд.

Раиси кумитаи тадорукоти бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028, Кейси Вассерман дар ҳузури иштирокчиён баромад намуда, иброз дошт: “Ин лаҳзаи муҳимтарин дар таърихи Бозиҳои олимпии дарпешистода то имрӯз хоҳад буд, зеро парчами олимпӣ аз Париж ба Лос-Анҷелес кӯчонида мешавад”.

Бояд гуфт, ки олимпиадаи соли 2028 14 июл оғоз шуда, 30 июл ба анҷом мерасад. Бозиҳои паралимпӣ 15 август оғоз шуда, 27 август ҷамъбаст мегарданд.