Зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки рушди нишондиҳандаҳои омори соҳаи иқтисодиёт дар шашмоҳаи соли равон 61 миллиарду 712 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8.2 фоиз зиёд аст.
Дар идома Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки дар давраи ҳисоботи гардиши савдои хориҷӣ 48 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба маблағи 997 миллион сомонӣ содироти молу маҳсулот суръат гирифта, 3.5 миллиард сомонӣ молу маҳсулот ворид гардидааст. Зикр гардид, ки маҳсулоти воридотӣ асосан аз се давлат Чин, Россия ва Қазоқистон ва содирот бештар ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Шведсария анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки ҳар сол дар Тоҷикистон аз 25 то 30 ҳазор тонна пахта коркард карда мешавад. Қисми зиёди он ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар бурда мешавад. Дар ин росто мақоми аввалро Эрон баъдан Туркия ва Россия ташкил медиҳад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”