Ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ афзоиш ёфтааст

Дар соли 2024 таҳлили фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтории он дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон мелиҳад, ки 1943 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 444 ҳолат зиёд мебошад.

Ин матлаб имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар аз ҷониби масъулини ин ниҳод баён гардида, илова шуд, ки аз ҳисоби умумии ҳуқуқвайронкуниҳо, 31 ҳолат ба ошкори ҷиноят мансуб мебошад.

Ба иттилои роҳбарияти Хадамоти гумрук дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1900 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, ба маблағи 3 747 101 сомонӣ ҷарима таъин ва аз ин ҳисоб 3 742 781 сомонӣ рӯёнида шуд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 1 648 563 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар робита ба воридоту содироти мол дар ин давра гуфта шуд, ки воридоти мол 3 421, 2 млн доллар ва содирот бошад ба 996, 2 млн. доллар баробар шуда, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ ба андозаи 344, 0 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консетратҳо ташкил медиҳад.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”