“Садои мардум”: 40 ҳолати ғасби замин ошкор гардид (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопии ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла баргузории даври  шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман, паёмадҳои ногувори иқлим, ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Бохтар ва ошкор гардидани ҳолатҳои ғасби замин матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.   

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1-уми август доир ба баргузории даври  шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» хабар дод. Ба иттилои нашрия даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи баланд доир гашта, аз 348 иштирокдор 115 нафараш барандаи ҷойҳои ифтихорӣ гардид.  Зикр гардид, ки имсол тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, даврҳои якум ва дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст шуд. Ҳамагӣ дар даври якум 5302 довталаб иштирок намуда, аз он 2755 нафараш ба даври дуюм ва дар даври дуюм аз 2755 довталаб 525 нафараш ба даври сеюм роҳхат гирифт. Дар охир ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардида, мудирони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои пойтахт барои саҳми арзанда гузоштан ва дар сатҳи зарурӣ гузарондани Озмун бо сипосномаи МИМҲД-и шаҳри Душанбе қадр шуданд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчунин дар шумораи рӯзи 31-уми июл бо нашри матлабе аз ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод. Нашрия менависад, ки ҳавз  аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дорои бинои маъмурии 2-ошёна, ҳуҷраҳои кории мураббиёни варзиш, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва шустушӯи бадан иборат мебошад. Дар назар аст, ки минбаъд мусобиқаҳои варзишӣ дар ин ҷо гузаронда мешаванд.  Дарозии ҳавзи шиноварӣ 40 метр буда, паҳнояш ба 20 метр баробар аст. Чуқурии ҳавз аз 1,8 метр сар шуда, ба 2,2 метр мерасад. Ҳавзи шиноварӣ дорои дастгоҳҳои махсуси обполо ва обпарто буда, мутобиқ ба стандартҳои муосири варзиш сохта шудааст. 

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 31-уми июл мақолаеро таҳти унвони “Шаҳри Душанбе созандагию бунёдкорӣ дар мадди аввал” нашр намудааст. Нашрия менависад, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 783 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 500 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 фоизро ташкил намудааст. “Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи контингенти умумии даромадҳои буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ ё 112,4 фоиз иҷро гардид, ки ин аз нақша 240 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе 634 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе 98,9 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр зиёда 1,5 миллиард сомонӣ равона гардид”-навиштааст нашрия. Ҳамзамон, дар идомаи матлаб омадааст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва аз аввали татбиқи онҳо то инҷониб зиёда аз 172 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки 25 миллион доллари он ба давраи зикршуда рост меояд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ҳамин шумора матлаберо таҳти унвони “40 ҳолати ғасби замин ошкор гардид” нашр намудааст. Дар матлаб омадааст, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз 104 корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 17 корхона истеҳсоли маҳсулотро кам ва 57 корхона зиёд намудааст. Дар умум, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 493,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар идомаи матлаб омадааст, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ 114,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 491,3 миллион сомонӣ 560,4 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақша 69,1 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 93,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети маҳаллӣ 113,1 фоиз иҷро гардида, 96,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 11,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз буҷети маҳаллӣ дар ин давра 94,1 миллион сомонӣ харҷ гардид, ки 100 фоизи нақшаи шашмоҳаи соли ҷориро ташкил медиҳад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 31-уми июл бо нашри як матлаб хабар дод, ки корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 110,1 фоиз таъмин карданд. Ба навиштаи нашрия дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҳудуди вилоят беш аз 90  корхонаи хурду бузурги нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд. Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шуд,-навиштааст, нашрия.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи ин ҳафтаинаи худ маталаберо таҳти унвони “Дар Тоҷикистон 1209 минтақаи хавфнок барои зиндагӣ ба қайд гирифта шудааст” нашр кардааст. Тавре ки нашрия менависад, имсол дар Тоҷикистон аз минтақаҳои хавфнок барои зиндагӣ кӯчонидани 175 хонавода ба нақша гирифта шудааст. Соли равон бар асари офатҳои табиӣ зиёда аз 6500 нафар муваққатан кӯчонида шуданд. Нашрия бо такя ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода менависад, ки имрӯз дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок барои ҳаёт ба қайд гирифта шуда, аҳолӣ аз ин ҷойҳо тадриҷан кӯчонида мешавад. Соли гузашта 225 хонавода аз чунин минтақаҳо ба ҷойҳои дигари амн кӯчонида шудаанд. Аз ҷумла, дар минтақаи Кӯлоб, ки хеле осебпазир дониста шуда, ҳукумат барои беҳбуди зерсохтор ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз захираҳои давлатӣ маблағу воситаҳо ҷудо мекунад, натиҷаҳои кор аллакай аён аст: дар ин ҷо аз 15 апрел то охири моҳи май 256 ҳодисаи хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, лекин ба туфайли тадбирҳои андешида пешгирии бузургтар шудани миқёси онҳо муяссар гардида, зиёни расида ва теъдоди ҷабрдидагон кам шуд”-омадааст дар матлаби нашрия.

Ҳафтавори музофотии “Пайк” дар шумораи рӯзи 1-уми август мақолаи таҳлилиеро таҳти унвони “Паёмадҳои ногувори иқлим хатари инсониятро дучанд кардааст. Ё дар оянда аҳли башарро чӣ интизор аст?” ба нашр расонидааст. Нашрия менавсисад, ки тибқи маълумоти хадамоти тағйирёбии иқлими Коперник рӯзи 21 июл дар ҷаҳон гармтарин рӯз дар таърихи мушоҳидаҳои метреологӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ рӯзи 21 –уми июли соли равон ба 17,09 дараҷа расид, ки нисбат ба ҳолати рекордии қаблии моҳи июли соли гузашта баландтар аст. Давоми як ҳафтаи охир гармии ғайримуқаррарӣ минтақаҳои бузурги ИМАмрико, Аврупо ва Русияро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи иқлимшиносон, соли 2024 нисбат ба соли 2023  гармтар хоҳад шуд, зеро тағирёбии иқлим ва падидаҳои табиии марбут ба обу ҳаво, аз қабили Эл-Нино ҳарорати имсоларо боло мебарад. Ҳамзамон, дар матлаб омадааст, ки мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2016 то соли 2021 дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва номусоидии вазъи боду ҳаво дар 44 мамлакати ҷаҳон тақрибан 43,1 миллион кӯдакон ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд. Яъне, ҳамарӯза 20 ҳазор кӯдак тарки манзили хеш намудааст.

Баҳруллои М.