Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар 6 моҳи соли равон «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 31 ҳазор муштарӣ дар ҳақми 956 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Гуфта шуд, ки қарзҳои додашудаи бонк дар ин давра ба соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, истеъмолӣ, сохтмон, тиҷорат, нақлиёт ва хизматрасонӣ рост меояд.
Имсол «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фоизи қарзҳои ипотекиро аз 4 банди фоизӣ ба 2 банди фоизӣ, яъне аз 20% ба 18% паст намуд. Ба гуфтаи Алиҷон Салимзода раиси ин бонк қарзҳои ипотекӣ ба муҳлати то 10 сол пешниҳод карда мешаванд.
Дар идомаи нишаст Алиҷон Салимзода гуфт, ки «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз натиҷаи шаш моҳи фаъолияти худ дар соли 2024 69, 5 миллион сомонӣ фоидаи соф ба даст овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20. 4% зиёд аст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 9 ҳазор нафар занон 205 миллион сомонӣ маблағ қарз додааст, ки аз ин шумора 81 милиион сомонӣ ба занони соҳибкор рост меояд.
Дар робита ба натиҷаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ Алиҷон Салимзода раиси бонки «Амонатбонк» гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон ҳиссаи гирифтани пули нақд 70% ва ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ ба 30% расонида шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ сармояи «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 919. 1 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли соли 2023 17. 3 % афзоиш ёфтааст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”