Бо дастгирии Роҳбари Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён барои бунёди гармхона дар назди Донишгоҳи агарии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуров технология ва таҷҳизоти лозима аз Ҷумҳурии Корея ворид карда шуда, аз моҳи январи соли 2023 аллакай ба парвариши маҳсулот шуруъ гардид.
Дар ин бора Рекори Донишгоҳи агараии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемуров Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки бо гузашти як сол таҷриба нишон дод, ки мо бояд аз охири август ва аввали сентябр ниҳолҳоро шинонем , ки дар моҳи декабр –январ ҳосил ба даст биёяд.
Заминаҳои моддию техникии парки технологиро 4 гармхонаи гулпарварӣ, 2 гармхонаи лимупарварӣ, 4- ҳавзи моҳипарварӣ ва хоҷагии КВТТ «Ҳисор» ташкил менамоҷад.
Дар гармхонаҳои ҳозиразамон асосан зироатҳои сабзавотӣ аз қабили помидор, бодиринг ва қаламфур парвариш карда мешаванд.
Сумбула Каримова,
радиои “Тоҷикистон”