Ба ҳолати 1- уми июли соли равон маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 милиарду 831,3 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нукта зимни нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Тавре аз ҷараёни нишасти мазкур ҳамкорамон Нуралӣ Давлат иттилоъ медиҳад, ҷамъоварии умуми маблағ аз бозори дохилӣ 86.9% таъмин гардидааст ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7миллион сомонӣ кам мебошад, ки хеле нигаронкунанда гуфта мешавад.