Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст Темурҷон Абдулваҳобзода директори Агентии Тоҷикстандарт гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 708. 9 ҳазор кг. маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шуд, ки 476. 4 кг. он ба талаботи бехатарӣ ва 332. 5 кг он аз рӯи тамғагузории боғҷомаашон ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Ба таъкиди ӯ маҳсулоти ба талаботи бехатарӣ ва тамғагузории боғҷомаашон ҷавобгӯ набудан асосан маҳсулотӣ гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти ширӣ, тухми мурғ, намак, маҳсулоти ғалладонагӣ, консерва ва дигар маҳсулоти воридотӣ мебошанд.
Ба таъкиди Раҳмоншо Мирзоён муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ сол аз сол ихтиёран пешниҳоди маҳсулоти муҳлаташ гузашта барои нест кардан аз тарафи соҳибкорон зиёд гардидааст. Агар дар нимсолаи аввали 2023 46. 1 ҳазор кг. маҳсулот аз тарафи соҳикорон барои нест кардан пешниҳод гардида бошад, пас дар ҳамин давраи соли 2024 ин шумора ба 126.6 ҳазор кг. расидааст, илова кард Раҳмоншо Мирзоён.
Дар робита ба арзу шикоятҳои мардум Малоҳат Рустамзода муовини директори Агентии Тоҷикстандарт гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 19 адад шикоятнома ва дар миқёси кишвар 39 адад ворид гардидааст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 барои гузаронидани корҳои аккредитатсионӣ аз 71 субъект дархост қабул гардида, 70 адад шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Шумораи субъектҳои аккредитатсишуда дар ин давра 68 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 субъект зиёд мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”