Бо мақсади пурра фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу мулки шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва шаш намояндагии КВД «Тоҷиксуғурта» аз рўи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёриро ба роҳ мондаанд, – таъкид дошт директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Мақсудзода Шуҳрат.
КВД «Тоҷиксуғурта»дар нимсолаи аввали соли 2024 бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар маҷмуъ 193 ҳазору 902 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонидааст. Аз ҳисоби шартномаҳои басташуда ба корхона 24 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуда, ба зарардидагон ҷуброни суғуртавӣ ба маблағи умумии 1 миллиону 780 ҳазору 300 сомонӣ пардохт шудааст.
Инчунин зикр гардид, ки ба зарардидагони офатҳои табиии имсола, ки 1110 нафар суғуртаи ихтиёрии амвол намуда буданд, ба маблағи 1 млну 393 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Сол ба сол маърифати молиявии шаҳрвандон бештар мегардад ва аз ин ҳисоб таваҷҷуҳи онҳо ба намудҳои суғурта меафзояд, ки ин лоиқи дастгирист ва маҳз аз ҳисоби фоидаи софи соли 2023 фонди оинномавиро ба 10 млн сомонӣ дар соли 2024 расонидем, – илова намуд диретори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Максудзода Шухрат.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон“