Паҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар даври аввали 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Парижи Фаронса ҷараён дорад, аз рақибаш шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Беҳрӯзи Хоҷазода ҷудокори 29-солаи тоҷик имрӯз дар вазни то 73 кило дар даври аввал аз рақибаш Артур Маргелидони 30-сола аз Канада дар “вақти тиллоӣ” шикаст хӯрд. Дирӯз Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 аввалин шуда, дар риштаи ҷудо Тоҷикистон намояндагӣ кард, вале мутаассифона ҷароҳат бардошта, натавонсит то охир мубориза барад.
Боз чаҳор паҳлавони тоҷик дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Париж рақобат хоҳанд кард. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум 30-юми июл бо Фарес Бадавии фаластинӣ нерӯсанҷӣ мекунад. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг 31-уми июл дар даври аввал бо Тристани Мосахлишвили аз Испания рақобат хоҳад кард. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август дар даври аввал бо Диессеи фаронсавӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Одхуу (Муғулистон) қувва меозмояд.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев бошад, шаби 28-уми июл дар мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж дар аввалин рақобаташ дар вазни то 92 кг муқобили варзишгари 28-солаи гурҷистонӣ Георгий Кушиташвилӣ рақобат кард ва бо қарори доварон бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардид. Ҳамакнун Болтаеви 25-сола дар даври чорякниҳоӣ бо варзишгари ирландӣ Ҷек Марли қувваозмоӣ мекунад. Рақобати онҳо шаби 1-уми август доир мегардад. Марлии 21-сола дар 1/8 финал бар Матеуш Березнитский аз Полша бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд.
Варзишгарони дигари мо дар бозиҳои Олимпӣ:
– Боз як муштзани тоҷик – Миҷгона Самадова – дар вазни то 57 кило миёни занон 31-уми июл соати 16:00 бо вақти Душанбе вориди рақобат мешавад. Рақибаш дар даври 1/16-ниҳоӣ Алюсса Мендозаи 20-сола аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
-Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 2-юми август вориди рақобат мешавад.
-Екатерина Бордачева дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
-Даванда Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Париж дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.
-Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Париж мебошад ва 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Париж дар вазни то 74 кило баргузор менамояд.
-Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таэквондо дар Олимпиадаи Париж мебошад. Ӯ 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар вазни беш аз 67 кило иштирок хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Париж беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”