Ҷомеаи имрӯзаро бе мавҷудияти оилаи солиму бофарҳанг тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз таҷрибаи зиндагии баъзе оилаҳо гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз на ҳамаи оилаҳои навбунёд мустаҳкаманд. Баъди хонадор шудан якчанд моҳ зиндагӣ накарда, зуд хонавайрон мешаванд, ки албатта, бесабаб нест.
Барои фаҳмидани сабабҳои ҷудошавии оилаҳо мо бо мудири шӯъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабоҳат Рустамзода ҳамсӯҳбат шудем, ки чунин ибрози ақида намуд: “Албатта сабабу омилҳои пош хӯрдани оилаҳо хеле зиёданд, махсусан оилаҳои ҷавон. Аз як тараф аз таҳсил дур мондани ҷавонон, алалхусус духтарон бошад, аз тарафи дигар никоҳи бармаҳал ва омода набудани онҳо ба ҳаёти оиладорӣ мебошад. Дар баробари оилаҳои ҷавон оилаҳое ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ умр ба сар мебурданд, муҳити оиладории худро созмон дода буданд, фарзандони худро ба воя расонида, таълиму тарбия кардаанд. Вале мутаассифона имрӯз рӯ ба парокандагӣ доранд. Албатта, дар ин масъала муаммоҳо, сабабҳо хеле зиёданд. Бо ин хел оилаҳо Кумита корбарӣ намуда, зери назорати худ мегирад ва баҳри пешгирии вайроншавӣ ва баҳри солимиву пойдорӣ ва устувории оилаҳои онҳо дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст”.
Бунёди оилаи солиму бофарҳанг омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. Аз ин рӯ, пеш аз бунёд кардани оила ҳар як шахс бояд паҳлӯҳои гуногунҷанбаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби зану шавҳарӣ ва маънои зиндагиро дарк карда тавонад. “Боиси таассуф аст, ки имрӯз оилаҳои солимро дар ҷомеа кам мушоҳида мекунем. Оилаҳое бунёд мешаванд, ки вуҷудияти онҳо рӯзҳои муайян, моҳҳои муайян ё як солу ду соли муайянро дар бар мегирад. Ва ин оилаҳо пош мехӯранд. Асоси оила меҳру муҳаббат, ба ҳамдигар гузашт кардан, ҳамдигарро дастгирӣ кардан аст. Вале мутаассифона, ана ҳамин унсурҳои оиладорӣ дар баъзе оилаҳо риоя намешавад. Ва ин боиси ҷудо шудани оилаҳо мегардад” -мегӯяд, равоншинос Бибиҳафиза Маҷидова.
Ба назари равоншинос Бибиҳафиза Маҷидова, сабаби дигаре, ки пароканда шудани оилаҳоро ба вуҷуд меорад, дар пастиву баландиҳои зиндагӣ сабру таҳаммул надоштани навхонадорон аст. Ба ақидаи ӯ, сабру таҳаммул дар заминаи эҳтироми аъзоёни оила бояд зоҳир шавад.
Ин ҳамсуҳбати мо истифодаи бемавриди телефонҳои мобилиро ҳам яке аз омилҳо медонад: “Имрӯз бевосита тамоми инсонҳо, чи хӯрд ва чи бузург дар муҳити хонавода онро истифода мекунанд. То ҳатто дар сари дастархон ҳам, ки ҷамъомади оилавӣ аст, хӯрду калони оила ба истифодаи телефони мобилӣ машғул мешаванд. Бо ҳамдигар аъзои оила машварат намекунанд. Аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон намешаванд. Аз ҳамин ҷиҳат меҳру муҳаббат аз байн меравад. Ноустувории оилаҳо ба назар мерасад. Хуб мешуд падару модарон фарзандонро ба ҳаёти мустақили оилавӣ омода карда, тамоми арзишҳои оиладориро омӯзонанд, сипас, онҳоро хонадор намоянд”.
Бунёди оиларо ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, эҳтирому самимият ва боварию эътимод ба вуҷуд меорад. Ва ин албатта, пойдевори устуворест баҳри побарҷо мондани оила ва бунёди ҷомеаи солим. Роҳи зиндагӣ воқеан ҳам пурпечу тоб аст ва танҳо шахсоне аз ин роҳ ба осонӣ мегузаранд, ки дар зиндагӣ пурсабру пуртоқатанд. Чунки бузургтарин бурд дар ҳаёти оиладории инсон барои ҳарду ҷониб сабр аст. Эҳтиёт будану ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷониба омӯхтан барои онҳое, ки бори нахуст ба зиндагӣ қадам мегузоранд, талаботи аввалиндараҷа аст.
Соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ, бо роҳи тарғиб ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ басо арзишманд буда, яке аз омилҳои мустаҳкамии оилаҳо маҳсуб мешавад. Ҳамсӯҳбати мо Сабоҳат Рустамзода, мутахассиси шӯъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид андешаҳояшро баён намуд: “Бештари духтарон ва писаронро, ки аз таҷрибаи ҳаёт хабар надоранд, волидон ба шавҳар медиҳанд. Дар ҷудошавии оилаҳо баъзе аз модарон ҳам гунаҳгоранд, ки фарзандонро аз хӯрдӣ тарбияи хуб накарда, ба зиндагии мустақилона омода накардаанд. Махсусан, духтаронро дар шароити хубу замонавӣ ба воя мерасонанд, эрка мекунанд. Бо эълон гардидани “соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баргузор мегардонад. Дар раванди баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ маводҳои тарғиботӣ ба шаҳрвандон пешниҳод мегардад ва ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маърифати оиладории шаҳрвандон мо дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мизҳои кории равоншиносону ҳуқуқшиносонро ташкил карда ба роҳ мондаем. Шаҳрвандон метавонанд вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ машваратҳои ройгони равоншиносону ҳуқуқшиносонро бигиранд, аз ҳуқуқу манфиатҳо ва ӯҳдадориҳои худ бохабар бошанд ва дар куҷое, ки набошанд, аз ҳуқуқу манфиатҳои худ дифоъ карда тавонанд”.
Оила муқаддас аст. Ҳар як падару модар муваззаф аст, ки ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтаронро ба зиндагии мустақилона омода намоянд. Ҳамеша бо насиҳату маслиҳатхои хуб духтаронро дар зиндагӣ дилгарм намуда, роҳи дурусти пеш бурдани ҳаётро омӯзонанд. Охир, зиндагӣ барои як рӯзу ду рӯз нест ва сабру таҳаммул калиди ҳама хушбахтиҳост!!!
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”