БИНОҲОИ КУҲНА ТАХРИБ МЕШАВАНД

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мераббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.  Фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 783 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 8 миллиарду 425 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода таъкид намуд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки зиёда аз 2010 сохтмони иншоот мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба маблағи  791 ҳазор сомонӣ дар иншооти камбудидошта ҷаримабандӣ карда шудааст. Барои гирифтани иҷозатнома 348 корхонаву муассиса ба Кумита муроҷиат намудаанд, ки ба 256 тои он барои ба анҷом расонидани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ иҷозатнома дода шудааст.

Барои сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлоли давалтӣ дар ҷумҳурӣ 28649 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, аз ин 14 157 тояш ба истифода дода шуда, дар 7089 иншоот корҳо идома доранд.

Роҳбари Кумитаи меъмориву сохтмонии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи Нақшаи генералии он минтақаҳо идома дошта, дар нақша аст, ба ҷои биноҳои куҳна биноҳои наву замонавӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ қад биафрозанд. Ва барои бехатарии бинову зилзилатобоварии онҳо кормандони пажуҳишгоҳу мутахассисон фаъолият доранд. Дар навбати худ он биноҳое, ки ғайриқонунӣ ва ё ғайристандартӣ сохта шудаанд, новобаста ба баланд буданашон мавриди санҷиш ва ҳатто тахриб қарор хоҳанд гирифт.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”