Дар доираи санҷишҳои нақшавӣ ва фаврии муштарак 12 325 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардида, тибқи тартиби муқарраргардида корбарӣ карда шуд. Дар ин бора, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Лоиқ Раҳмонзода хабар дод.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар самти назорати таҳлилии таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ аз 163 иншоот 475 намунаи партовҳои обӣ ва шурашавии замин 35 намунаҳои хок ташхис карда шудааст.
Мониторинги натиҷаҳои мушоҳидаҳио обуҳавосанҷӣ нишон медиҳад ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 481 ҳолатҳои офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 ҳолат зиёд мебошад.
Инчунин нисбати коҳиш додани партовҳои зарарнок ба муҳити зист, аз ҷониби Кумитаи мазкур 3 адад таҷҳизоти коркард ва безараргардонии фурӯзонакҳои симобдор харидорӣ шуда, дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Исфара ба истифода дода шудааст, ки то имрӯз ба миқдори 474 099 адад фурӯзонакҳои симобдор безарар гардонида шудаанд.
Гулру Ниёззода,
радиои “Тоҷикистон”