Мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов, ки як рӯз пеш дар Тошканд ба поён расид.
Дар мусобиқаи мазкур дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов тавонист ба задани ду гол даст ёбад ва беҳтарин дарвозабони мусобиқа эътироф гардад. Бозигари дигари тими миллии Тоҷикистон Насратшо Исмоилов сазовори ҷоизаи беҳтарин бозингари ҷавон гардид.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки шоми гузашта тими миллии футзали Тоҷикистон барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқаи хотираи Мираброр Усмонов бо ҳамсоякишварамон дастаи мунтахаби Футзали Қирғизистон рақобат карданд. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар бозии ҳалкунанда бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба ба даст оварданд ва соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Голҳои мунтахаби Футзали Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Умедҷон Кузиев, Иқбол Воситзода ва Насратшо Исмоилов ба самар расонида, ғалаба таъмин карданд.
Бо ҳамин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи хотираи Мираброр Усмонов чор бозӣ анҷом дода, ду маротиба шикаст хӯрд ва ду маротибаи дигар пирӯз гардид. Футзалбозони кишвар аз мизбони мусобиқа тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 2 бар 3 ва аз Гватемала бо ҳисоби 1 бар 3 ноком шуданд. Дар ду бозӣ бошад Қирғизистонро бо ҳисоби 4 бар 1 ва 3 бар 1 мағлуб карданд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”
Акс аз саҳифаи Инстаграми ФФТ