Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 85 адад маркази хизматрасонии техникӣ ташкил карда шуда,фаъолият намуда истодааст. Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро “Тоҷикагролизинг ” ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Ҷумҳурии “Тоҷикагролизинг “-иВазорати кишоварзи мамлакат ба 113 хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 72 адад трактори гуногунтамга ва 259 адад мошинологи кишоварзи ба маблағи беш аз 24 миллион сомони бо тариқи иҷораи молияви дастрас намуд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”