Имсол Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнашро дар давраи аввали тақсимоти маркази миллии тестӣ 76 дар сад иҷро кардааст ва роҳбарияти донишгоҳ нақша доранд, ки то даврҳои дуюм ва сеюми тақсимот ин нишондиҳандаро боз зиёд намоянд.
Хайрулло Назарзода ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки мо боз ташкили 4 ихтисоси навро дар донишгоҳ пешниҳод кардем, ки дар ҳолати роҳандозӣ шудани онҳо дар соли таҳсили 2025 – 2026 шумораи донишҷӯёни донишгоҳ зиёд мегардад.
Гуфта шуд, ки айни замон шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 3552 нафарро ташкил медиҳад. Дар самти табодули академии донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо зиёда аз 10 донишгоҳҳои хориҷи кишвар аз ҷумла Донишгоҳи Кидизи Испания, Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Орадеаи Руминия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ва ғайра табодули академии донишҷӯёнашро дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ ба роҳ мондааст.
Дар ин бора хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Сарвинози Сайдалӣ, аз рафти баргузории нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур хабар дод.