24 июли соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Аргентина дар СММ нишасти навбатии Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок ва суханронӣ намуд.
Гурӯҳи мазкур соли гузашта бо ибтикори Тоҷикистону Аргентина ба мақсади татбиқи ваколатҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, таъсис дода шудааст.
Зимни суханронии худ Баҳодур Шерализода роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ба хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва таъсири манфии обшавии босуръати онҳо ба муҳити зист инчунин конфронси байналмилалии оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, маълумот ироа кард.
Баҳодур Шерализода қайд намуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таъсис дода шудааст, саҳми молиявии худро гузошт. Бинобар ин, аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки саҳми молиявии худро ба фонди мазкур гузоранд.
Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки дар Душанбе маркази минтақавии пиряхшиносӣ бунёд карда шавад ва дар ҳудуди Тоҷикистон ба хотири таҳлили вазъияти пиряхҳои мавҷуда экспедитсияҳои якҷояи илмии сатҳи байналмилалӣ гузаронида шавад.
Дар идома аз иштирокдорони чорабинӣ барои ширкат дар конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварда шуд. Иштироккунандагони чорабинӣ зимни суханронӣ аз нақши боризи кишвар дар пешбарии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо гуфта, омодагии худро барои дастгирии Тоҷикистон ва ташаббусҳои марбут ба пиряхҳо баён намуданд.