Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024, 3299 корхона ва 14275 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои ба қайдгирифташуда 160 назорати техники гузаронида шуданд, ки аз инҷо 144 назорати нақшавӣ ва 16 назорати ғайринақшавӣ мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии хадамоти мазкур, сардори хадамот Раҳим Санъат Асо иттилоъ дод.
Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар корхонаву иншоотҳои зериназоратии Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок ва 6 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 7 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 28 нафар шахси мансабдор ва 2 нафар шахсони воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида 141120.0 сомониро ташкил додааст.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”