Воҳидҳои сохтории Саридораи геология барои иҷрои лоиҳаи барномавӣ корҳои омӯзишӣ – геологиро дар асоси шартнома бо ҷамъияту ширкатҳои ТВЕА, “Душанбе”, “Саноати куҳӣ”, ширкати “Кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ғайра дар объектҳои иҷозатномавии фаъолияти геологиро идома доданд.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошта, афзуд, ки Саридораи геология дар давраи ҳисоботӣ бо 60 ширкат, ки ба маблағи 88603 852,00 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 821 320,00 сомонӣ ва дар маҷмӯъ ба маблағи 84 520 173,00 сомониро ташкил медиҳад, шартномаҳо ба имзо расидааст.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”