Олимон муайян кардаанд, ки обшавии яхҳои қутбӣ дар натиҷаи гармшавии глобалӣ суръати гардиши Заминро тағйир медиҳад ва ба ин васила дарозии рӯзро зиёд мекунад. Ҳоло як шабонаруз дар рӯи Замин 86,4 ҳазор сонияро ташкил медиҳад.
Олимон бо истифода аз маълумоти мушоҳидавӣ ва моделҳои иқлимӣ таъсири тағирёбии иқлимро ба дарозии рӯз ва нақши онро дар оянда пешгӯӣ мекунад. Ба андешаи олимон ба дарозии рӯз обшавии пиряхҳои Антарктида ва Гренландия таъсир мерасонад.
Ҳамзамон, олимон пешгуӣ мекунанд, ки дар соли 2029 инсоният маҷбур мешаванд, ки дарозии рӯзи 30 июн ё 31 декабрро як сония кӯтоҳ кунад.