Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Хатлон

16 июли  соли равон бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дидан ба амал овардааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ, аснои боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён” ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шинос шуд.

Ҳамзамон номбурда дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос шуда, бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намудааст.

Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.