Ширкати “Помир Энерҷӣ” ду стансияи офтобӣ фаъолият дошта, бунёди стансияи сеюм дар назар аст. Онҳо дар маркази ноҳия сохта шуда, натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар додааст.
Ноҳияи Мурғоб калонтарин ва дурдасттарин минтақаи кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, маҳалҳои аҳолинишин дар ноҳия аз якдигар дар масофаи дур ҷойгиранд. Аз ин рӯ, дар ин ҷо сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ манфиатовар намебошад. Бо дарназардошти ин, ширкати “Помир Энерҷӣ” бо истифода аз иқтидори бузурги энергияи офтоб, яъне бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, роҳи қуллайи дастрасии сокинони минтақаро ба неруи барқ пайдо кард.
Ба иттилои манбаъ, айни замон, ширкати “Помир Энерҷӣ” ба рушди энергетикаи алтернативӣ, аз ҷумла, истифодаи энергияи офтоб ва рушди шабакаҳои хурд такя мекунад. Дар асоси таҷрибаи бадастомада, дар ин минтақа сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои офтобӣ то охири соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Иқтидори стансияҳои офтобии ноҳия аз 33 то 2600 кВ мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки баъд аз солҳои тулонӣ сокинони дурдасти ВМКБ, аз ҷумла, деҳаҳои Аличур, Булункул, Бешкунбез, Чечекде, Тохтамиш бо неруи барқи босифат таъмин мегарданд.