Шитобкорӣ моро маҷбур мекунад доир ба ҳар амале, ки иҷро менамоем, фикр накунем, ҷонибҳои онро наомӯзем, камбудиҳои онро нодида гирем, онро сарсарию бесифат ба сомон расонем. Масъалаи шитоб аз он ҷиҳат ҳассос аст, ки имрӯзҳо бархе аз ҷавонон ва ҳатто калонсолон таҳаммулпазир нестанд. Маҳз ҳамин шитобкорӣ боис мегардад, ки ҳаррӯз садамаҳои нақлиётӣ рӯх дода, паёмадҳои гӯшношунид ба бор меоранд.
Худам шоҳу табъам вазир
Журналист Саидҷаъфар Сафарзода бар он назар аст, ки ронанда бояд масъулият дошта бошад. Ба андешаи ӯ омили асосии садамаҳои нақлиётӣ дар каммасъулиятии ронанда аст. – Худбоварӣ, бепарвоӣ ва нописандии ронандагон нисбат ба қоидаҳои роҳ паёмадҳои нохуш ба думбол дорад. Бахусус садамаҳои маргбор натиҷаи бо суръати баланд идора намудани нақлиёт мебошад. Баъди чунин ҳолат ҳарчанд ҷазо татбиқ шавад ҳам, аммо афсус риштаи кандашудаи ҳаёт дубора васл намешавад.
Баъзан ронандаҳо дар роҳ нисбат ба ҳамдигар якдилӣ нишон дода, ҳамдигарро бо имову ишора аз ҳузури кормандони БДА огоҳ менамоянд, дар ҳоле, ки ин амал имкон медиҳад ронандагони каммасъулият дар роҳҳои аз назорат дурмона, ба садама дучор оянд.
Баъзе ронандагон сари фармони нақлиёт аз рӯи масали “худам шоҳу табъам вазир” амал намуда, нисбат ба мусофирону пиёдагардон беэҳтиромӣ зоҳир карда, ҳаёти онҳоро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумла бо телефон гуфтугӯ мекунанд, дар гузаргоҳ ба пиёдагардон роҳ намедиҳанд, муҳаррики нақлиёташон садои гушхарош дорад ва ё аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанд.
Дар ҳама ҳолат, агар ронанда нақлиётро оҳиста ронад, хавфи садама кам мегардад. Ронанда бояд мутакаббиру худписанд набошад. Ба ҷони худ ва дигарон раҳм кунад. Масъулиятшинос бошад. Дарк кунад, ки шитоб ва саросемагӣ оқибати ногувор дошта, хислати бади инсон аст, – мегӯяд Саидҷаъфар Сафарзода.
Айби ронанда ё тақдир?
Боиси шукргузорист, ки тамоми соҳаҳо дар кишварамон рушд карданд. Дар таъмини нақлиёт ҷойи гап намонд. Беҳтарин нақлиётҳои сайёра вориди кишварамон гаштанд ва аз онҳо сокинон фаровон истифода мебаранд. Вале як паҳлуи мавзӯъ хеле боиси таассуф аст, ки қариб ҳамарӯза садамаҳои нақлиётии маргбор ба вуқӯъ меоянд ва нафарони зиёд қурбонии чунин ҳодисаҳои нохуш мегарданд. Аммо тааҷҷубовар аст, ки бархе аз мардум ба чунин паёмадҳои нохуш бо чашми ибрат наменигаранд.
–Дар роҳҳо қоида ва низоми махсус пешниҳод гардидааст, вале баъзан ронандаҳо ба он итоат намекунанд. Мисол дар ҷойҳое, ки суръати нақлиёт 40 ё 60 километр/соат муқаррар шудааст дар он ҷойҳо нақлиётро бо суръати баланд идора мекунанд. Ронанда вақте паси чанбараки нақлиёт менишинад, пеш аз ҳама бояд эҳтиёткор бошад, зеро ҳам тақдири худ ва ҳам тақдири мусофирон дар ихтиёри ӯст.
Баъзе ҷавонони мо вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ меоянд, мувофиқи ҳамиёнашон зуд аз рӯйи ҳавову ҳавас аз бозор нақлиёти сабукрав харидорӣ менамоянд. Баъзеи онҳо ҳатто дар мактабҳои ронандагӣ низ хуб таҳсил накардаанд ва дар чунин ҳол ба мусофиркашонӣ машғул шудани ҳамин гуна ронандагон боиси ташвиш мегардад. “Дар хотир дорам, ки дар замони Шӯравӣ ронанда агар 5 сол собиқа намедошт, ҳеҷ гоҳ ба ӯ иҷозати ба мусофиркашонӣ машғул шудан дода намешуд. Дар ҳама ҳолат ронанда бояд эҳтиёткор ва ҳушёр бошад.
Мусиқӣ низ омили садамаҳо шуда метавонад. Хусусан ҷавонон дар дохили нақлиёт мусиқиҳои бемантиқро бо садои баланд гузошта, дар ғафлат ба чунин ҳолатҳо дучор мегарданд.
Дар ҳолати рух додани садама ҳамаро бар дӯши тақдир мепартоянд, гӯё, ки тақдир чунин бошад. Вақте мо нақлиётро аз рӯйи 100-160 километр/соат идора мекунем, пас ин чӣ гуна айби тақдир бошад? Ҳатто баъзе аз ронандагон май менӯшанду паси чанбараки мошин мешинанд, ки вой бар ҳоли чунин ронанда. Мо бояд шитобкор набошем, арзиши ҷони инсон бояд аз ҳама чиз болотар бошад, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо Тоҳир Розиқов.
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар матлаби хеш таҳти унвони “Бетамизиҳои ронандагон сабаби ҳалокати одамон мешавад” аз ҷумла нигоштааст, ки агар омори даҳсоларо ҳисоб кунӣ, шояд одамон дар садамаҳои нақлиётӣ беш аз ҳар ҷанг қурбон шуда бошанд. Дар ин ҷанги эълоннашуда асосан ҷавонон талаф меёбанд. Сабабаш ҳамон аст, ки ҷавонони ронанда хеле бетамизанду бадахлоқ. – Вокуниши мардум ба ҳамаи ин қурбониён як аст: «насиб будааст». Дар ҳоле, ки ин насиб не, балки худкушӣ аст, – навиштааст Аҳмади Иброҳим.
Худро ба нобудӣ наяфканед!
Иброҳимзода Абдусалим, имоми панҷвақтаи масҷиди маҳаллаи “Маданият”-и шаҳри Бохтар вобаста ба ин мавзӯъ иброз дошт, ки Худованд дар Қуръон мефармояд, ки “бо дастони худ худро ба нобудӣ наяфканед”. Маънии оят он аст, ки инсон вақте медонад амалаш сабаби ҳалокаташ мешавад, албатта, ин ҷабру зулму ситам бар ҷону нафси худи ҳамон шахс аст. Баъзан инсон вақте сафар мекунад, шитоб мекунад, “тезтар равам” ё ин ки дар мошине савор мешавад, “тезтар рон” албатта ин амалҳои шайтон аст. Агар ҳолат қасдан бошад онро ислом маҳкум мекунад. Агар саҳван ҳам бошад, албатта инсон бояд дар бораи саҳван шуданаш беназар набошад, яъне ҳамеша таваҷҷуҳ дошта бошад. Эҳтиёт намояд. Эҳтиром ҳам бар зимаи мо яке аз шартҳои ислом аст. Вақте сари чанбарак нишастаем, ҳамон аломатҳои роҳ моро огоҳ месозанд. Итоат кардани ҳамон нишонаҳо барои мо хеле муҳим аст. – Агар аломати роҳ 40 ва ё 60 км/ соат бошаду бо суръати 100 км/соат нақлиёт ронда шавад, мабодо ба ягон садамае дучор шуда, ҳалок шавам, албатта ин ҳолат худкушӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ҳамин, ҳар як инсоне, ки сари чанбараки нақлиёт менишинад, бояд эҳтиёткор бошад, аломатҳои роҳро ҳатман риоя намояд. Ҳамон чароғаке, ки дар роҳ аст, моро аз хатар огоҳ месозад. Агар мо эҳтиёт кардем, ин наҷоти ҷони мо мешавад, ҳамчунин, дар моли мо ягон зиёне намерасад, ҳам аз шарри мо роҳгузаре осеб намебинад, мегӯяд – Иброҳимзода Абдусалим.
Тарғибот зиёду натиҷа ташвишовар
Масъулони шуъбаи БДА-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки омили ба вуҷуд омадани ҳолати садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ин риоя накардани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби ронандагону пиёдагардон мебошад.
Ҳарчанд барои коҳиш додани чунин садамаҳои нақлиётӣ аз тарафи масъулони БДА-и шаҳру навоҳии вилоят чораандешиҳо бештар карда шаванд ҳам ҳолат баръакс ташвишовар боқӣ мемонад.
PS: Миёни мардум шитобкориро амалӣ шайтон мегӯянд. Яъне, ҳар коре, ки мо бо шитоб иҷро мекунем, зарараш баъдан ба мо мерасаду аз шитобзадагии худ пушаймон хоҳем шуд.
Дар такя ба эроду таъкидҳои мусоҳибонамон ба такрор мегӯем, ки ҳар як ронанда пеш аз ҳама бояд масъулият дошта бошад, зеро тақдири худу мусофирону пиёдагардон ба ӯ вобастагии амиқ дорад. Паёмади фоҷиаборе, ки аз шитоби ронанда мешавад, на насибу тақдир, балки худкӯшӣ аст.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”