Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, мулоқот анҷом доданд. Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд. Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Парчами кишварро ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба ҳамаи онҳо барору музафаррият таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд. Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.