Испания қаҳрамони Ҷоми ЕВРО-2024 гардид

Бозии финалии Ҷоми ЕВРО-2024, миёни тимҳои миллии Испания ва Англия дар варзишгоҳи Олимпии шаҳри Берлин сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи испаниҳо ба охир расид.

Голи аввали дидорро Нико Уилямс дар оғози қисми дуюм аз ирсоли Лемин Ямал ба ҳадаф расонид. Коу Палмер бозигари англис дар дақиқаи 73-юм голи ҷавобиро ба самар расонида, ҳисобро 1 бар 1 намуд. Голи ниҳоӣ ва тақдирсози дидорро Микел Оярсабал футболбози аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромадаи мунтахаби Испания ба самар расонида, ғалабаи мунтахабашро дар финал таъмин кард.

Ба ҳамин тартиб Испания 4-умин маротиба ҷоми ЕВРО-ро болои сар бардошт, ки ин рекорди мусобиқа ба шумор меравад.

Англия бошад маротибаи 2-юм паи ҳам дар финали ЕВРО шикаст мехӯрад. Соли 2020 онҳо дар финал, ки мусобиқа дар Англия ҷараён дошт аз Италия мағлуб шуда буданд.

Баъд аз бозии ниҳоӣ ба як қатор бозигарон ҷоизаҳои инфиродӣ тақдим гардид. Лемин Ямал бозигари 17-солаи испанӣ беҳтарин бозигари ҷавони мусобиқа ва Родри аз ҳамин мунтахаб беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуда, бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.

Рустами Зоир,
радиои «Тоҷикистон»