Имрӯз, 20 ноябр, дар нақби «Истиқлол» корҳои таъмирӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳ, ҷараён доранд. Дар ин бора ширкати IRS хабар додааст.
Ба иттилои ширкат, корҳои мазкур аз соати 10:00 оғоз шуда, анҷоми онҳо тақрибан то соати 12:00 дар назар аст. Дар ин муддат ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт тавассути нақб муваққатан манъ шудааст.
Ҳолати нақби «Истиқлол» боиси нигаронии ронандагону мусофирон гардида, онҳо дар ин бора тавассути саҳифаҳои филиали ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат кардаанд. Ҳарчанд нигоҳдории нақб ба зиммаи IRS нест, роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки барои рафъи камбудиҳои он иқдом намояд.
Ширкат аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки маҳдудияти муваққатиро бо дарки дуруст қабул карда, тавсияҳои кормандони масъулро риоя намоянд.
