Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср эътимоднома супорид

 14 июл Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ супорид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Парвиз Мирзозода салому паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ расонд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири навтаъйини корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва умури мисриёни хориҷ аз кишвар Бадр Абдулъотӣ мулоқот намуд.