Имрӯз дар маҷмааи Хуталон ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сарварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Роҳбарияти Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии Конфедератсияи Швейтсария, Полша, Сербистон, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва ғайра иштирок намуданд.
Ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳониро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ифтитоҳ намуда, сипас тибқи барномаи ҷаласаи мазкур роҳбарияти созмонҳои номбаршуда, инчунин намояндагони вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии кишварҳои иштирокчӣ масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаи иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавре Юсуф Маҷидов муовини якуми вазири молияи ҷумҳурӣ, дар доираи ҷаласа мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардида, байни вазорати молияи ҶТ, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Вазорати молияи давлати Шведсария оид ба амалӣ гардонидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ созишномаҳои ҳамкори ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расид.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаҳои Гурӯҳи электорат бори аввал аст, ки дар кишварамон баргузор мегардад ва дар он 9 давлат аз қабили Швейтсария, Полша, Сербистон ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон аъзо ҳастанд. Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, Ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо давлатҳои аъзо ва таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ таконӣ ҷиддӣ мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ то 3 июли соли равон дар Тоҷикистон баргузор гардида, иштирокчиёни он масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор доданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои Тоҷикистон