Бегоҳии имрӯз қисмати расмии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт.
Оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии Конфронси зикршуда Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа дар «Кохи Сомон»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷиии муқими Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор намуданд. Дар ин нишаст Сарвазири кишвар зикр кард, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур зиёда аз 2000 нафар меҳмонон аз кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз 100 кишвар бо ҳайатҳои расмӣ, ва намояндагони беш аз 70 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, институтҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимон ширкат намуданд. Дар маҷмӯъ, тақрибан 2500 нафар шахсони воломақом ва сиёсатмадорон, олимон ва коршиносон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон, ки аз ҳукуматҳо, ниҳодҳои мухталифи СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро шитирок намуда , масъалаҳои мубрами рӯзномаро баррасӣ карданд. Ҳамчунин беш аз 300нафар кормандони ВАО-и дохилю хориҷӣ ин чорабинии байналмилалиро инъкос карданд. Ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз дошт, дар робита ба ин, барномаи Конфронс 5 муколамаи интерактивиро дар бар гирифт, ки мавзӯъҳои онҳо ба мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси обии СММ дар соли 2023 шабеҳанд. Ҳамраисҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси обии СММ дар соли 2023, аз ҷумла Шоҳигарии Британияи Кабир, Ҷумҳурии Доминикан, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Миср, Швейтсария, Сенегал, Амрико ва Сингапур ба ҳайси ҳамраъй ширкат карданд. Раисони муколамаҳои интерактивии Конфронси 3-юми оби Душанбе барои таъмини пайвастагӣ. Илова ба муколамаҳои интерактивӣ ва ҷаласаҳои пленарӣ, 9 форуми сатҳи баланд, 15 чорабиниҳои иловагӣ ва Фестивали бошукӯҳи мавзӯӣ оид ба об ва пиряхҳо баргузор гардид. Ҳадафҳои асосии Конфронси сеюми ҷамъбастшуда аз густариши минбаъдаи саъю кӯшишҳои умумӣ ва дастгирии иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи об оид ба амали Конфронси обии СММ ба қайд гирифташуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад,- таъкид кард Сарвазири мамлакат. Сипас, дар ин нишасти матбуотӣ муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа сухан карда зикр кард, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба ҳадафҳои гузошташуда мувафақ гардид. Ли Ҷунхуа барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин чорабинии байналмилалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда чунин гуфт, ки Конфронси Душанбе ҷиҳати фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об шароити зарурӣ ва саривақтӣ фароҳам овард. Агарчӣ Конфронси Душанбе расман анҷом ёфта бошад ҳам, барномаҳои дигар идома меёбанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки барои меҳмонони Конфронси Душанбе сайёҳати шаҳри Ҳисор, дараи Варзоб, ва тамошои обанбори Норак НБО-и Роғун ташкил карда мешавад. Аз натиҷаи Конфронси мазкур Эъломияи Душанбе 2024 қабул карда шуд.
Машраби Холмаҳмад
Радиои Тоҷикистон