Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Чжан Минг дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои Рушди устувор” солҳои 2018-2028 зимни суханронии хеш ҳозиринро дар бораи идоракунии захираҳои обӣ дар фазои СҲШ, инчунин аз хатару чолишҳое, ки кишварҳои узви Созмон дучор меоянд, маълумот дод.
Чжан Минг аз фаъолияти муассир ва натоиҷи мусбати кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки дар татбиқи Қарори кишварҳои узви Созмон дар бораи эълон кардани соли 2024 Соли экология дар СҲШ саҳми муҳим буд, муаррифӣ намуд. Вай таъкид кард, ки СҲШ ба идоракунии муҳити зист ва рушди устувор аҳамияти хоса медиҳад ва ҳамчунин як чорабинии мавзӯӣ эълон кард, ки дар доираи соли экологияи СҲШ баргузор мешавад. Ҳамзамон, мавсуф иброз намуд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дари самти ҳалли мушкилоти обу иқлим мусоидат хоҳад кард.
Омодагӣ барои боз ҳам таҳкими ризоияти байни кишварҳои узв оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ изҳор карда шуд.
Ҳамзамон, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Чжан Минг оид ба масъалаҳои бехатарии оби ошомиданӣ, нақши захираҳои об дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иртибототи захираҳои об бо тағирёбии иқлим, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, иброзӣ ақида намуд.
Баҳруллои М.