Занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, ба фаъолияти самараноки онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе низ корманд-занон дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, дастгириҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии мушкилоту норасоии фаъолияти корӣ, ҷаласаи Шӯрои занони хадамоти давлатии оташнишонӣ шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҳмашарифзода Дилрабо Маҳмашариф ва раиси шӯрои занони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти хизмати дохилӣ Самадова Дилором ва ҳамаи корманд-занони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он ширкат намуданд.
Зикр гардид, ки корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо талошу фаъолияти касбӣ, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, нигоҳдории волоияти қонун ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
М. Пардаев