Таҳти унвони “Фарҳанги кӯтоҳи инглисӣ ба тоҷикӣ” китоби фарҳангнигори ҷавону ботаҷрибаи тоҷик Озар Саидов чоп гардид. Дар ин бора муаллиф ба Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он хабар дод.
“Фарҳанги кӯтоҳи инглисӣ ба тоҷикӣ” луғатномаи маъмултарин калимаву ибораҳои забони инглисӣ буда, барори шахсоне пешбинӣ шудааст, ки забони инглисиро дар марҳилаи ибтидоӣ меомӯзанд ва ба ташаккул додани маҳоратҳои нутқи шифоҳӣ оғоз мекунанд.
Фарҳанг беш аз 5 ООО калимаи инглисиро инъикос менамояд ва маъниҳои асосии онҳоро бо намунаҳои возеҳ тавзеҳ медиҳад. Намунаҳои сершумори ҷумлаҳову ибораҳо на танҳо маънии калимаҳо ва ҳамбастагии онҳоро бозтоб мекунанд, балки ҳамзамон ҳамчун қолибҳое истифода мешаванд, ки ба омӯзандагон имкон медиҳанд мустақилона ибораву ҷумла созанд. Калимаҳои сарачину маъмули забони инглисӣ, ки дар фарҳанги мазкур ҷамъоварӣ шудаанд ва дар нутқи зинда корбурди васеъ доранд, ба рушди нутқи шифоҳӣ кумак мекунанд.
Намунаҳои тавзеҳдиҳанда аз манбаъҳои муосири таълимӣ ва луғавии инглисиву амрикоӣ баргузида шудаанд. Маъниҳои муодил ба забони тоҷикӣ низ дақиқу мӯшикофона дастчин шудаанд, ки осонфаҳму маънирасанд.