Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар соли 2025

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, бо мақсади таҳлили масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон, 31 чорабинӣ баргузор намуд, ки яке аз ин чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмиллалӣ  ин баргузории конфронси минтақавӣ «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» Басти саммити дуюми Русия + Осиёи Марказӣ форуми дуюми марказҳои  Осиёи Марказӣ ва Русия буд. Чунин иттилоъ дод,  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода. Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра Марказ ба платформаҳои нави ҳамкории марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, кишвари Халиҷ ва ИМА пайваст.

Ҳамзамон дар раванди нишаст масъулини ин ниҳод аз баргузории  ду чорабинии сатҳи баланд  дар соли 2026 аз ҷумла баргузории  Форуми сеюми Осиёи Марказӣ дар Душанбе ва инчунин Форуми дуюми сулҳи Фарғона дар ш. Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст, ки дар он иштироки  намояндагони Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Инчунин маълумот дода шуд, ки Марказ дар соли 2025 ҳамкориҳои фаъолро бо 44 марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии кишварҳои хориҷӣ  ба роҳ монда, кормандонро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд ва заминаи рушди минбаъдаи иқтидори илмии онҳоро фароҳам меорад. Аз ҷумла бо марказҳои илмии таҳқиқотии Русия, Қазокистон, Чин,  Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ самарабахш дорад.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”