Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии дохиливу хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 июн дар робита ба тавзеҳи бандҳои лоиҳаи нави қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» матлабе нашр кардааст.
Да ин матлаб зикр мешвад, ки лоиҳаи нави ин қонун бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шуда, барои даст кашидан аз урфу одатҳои бебунёд, расму оинҳои шахшуда, бахусус дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ ва ҳаҷҷу умра, мусоидат менамояд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар, яъне идгардак манъ карда шудааст. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 11 лоиҳаи Қонуни мазкур, муҳлати ба таври ройгон гузарондани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз 20 рӯз ба 1 моҳи баъд аз таваллуд тамдид ва меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ гардидаанд.
Ғайр аз ин, тибқи моддаи 12 лоиҳаи ҳамин Қонун, гузарондани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, манъ мебошанд. Гузашта аз ин, минбаъд сокинони кишвар метавонанд барои ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ тавассути электронӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон тибқи ин лоиҳаи қонун, воридот, фурӯш ва тарғиби либосҳои фарҳанги бегона, ҳамзамон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо низ, тибқи лоиҳаи ҳамин Қонун, иҷозат дода намешавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 июн бо нашри матлабе хабар дод, ки дар мавсими тобистон дар Тоҷикистон 57 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва инчунин истроҳатгоҳҳои назди мактабӣ беш аз 200 ҳазор кӯдаку наврасро фаро хоҳад гирифт. Бино ба иттилои Саидҳофиз Шаболов муовини раҳбари Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, соли ҷорӣ барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 4,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Вай дар ин замина афзуд, ки соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 10 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ бо фарогирии 6020 кӯдак фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар 596 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби 30450 хонанда истироҳатгоҳи наздимактабӣ ташкил мегардад.
Инчунин дар вилояти Хатлон, соли равон 191 ҳазору 290 кӯдак ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ аз ин вилоят 6180 нафар кӯдаку наврасро фаро хоҳад гирифт.
Дар шаҳри Душанбе бошад имсол дар назди 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ шаҳрӣ ва дар заминаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри пойтахт 6160 хонанда ба майдончаҳои солимгардонию тандурустии назди мактабҳо ҷалб мегарданд. Дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ — «Орзу», «Зимчуруд», «Шарора» ва «Гулхан» бошад 3792 нафар ба истироҳат фаро гирифта хоҳанд шуд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш иттилоъ медиҳад, ки аввалин маротиба дар вилояти Хатлон барномаи навоваронаи “E-KHONISH” (Е-Хониш) роҳандозӣ гардид. Барномаи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ба номи Муҳаммад Бобиев ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон амалӣ карда шуд. Бо истифода аз барномаи мазкур раванди дарс тавассути дурбинҳои назоратӣ пурра назорат шуда, баҳогузорӣ ва таълим электронӣ сурат мегирад.
Таъкид мешавад, ки барномаи инноватсионии “E-KHONISH” имкон медиҳад, ки Вазорати маориф ва илм, раёсати маориф, падару модарон ва омӯзгорон аз ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон огаҳ гарданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 5 июн хабар дод, ки дар Тоҷикистон то охири соли 2024 беш аз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Ин нашрия ба нақл аз Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ин иқдом ба манзури коҳиши мизони муҳоҷират ва фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ барои сокинони кишвар сурат мегирад.
Қиёмиддин Давлатзода ҳамчунин зикр кард, ки шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон на ба далели набудани кор дар Ватан, балки аз сабаби огоҳӣ надоштан дар мавриди мавҷудияти биржаҳои корӣ ба муҳоҷирати корӣ мераванд.
Гуфта мешавад, ки дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз 190 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин 180 ҳазор нафарашон ба Русия сафар кардаанд. Аммо дар муқоиса бо соли гузашта муҳоҷирати корӣ ба хориҷа 74,4 ҳазор нафар ё 28% коҳиш ёфтааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” ҳамчунин дар сармақолаи худ бо номи “Ислоҳоти имл аз куҷо бояд оғоз шавад?” масъалаи роҳҳои рушди илми тоҷикро матраҳ кардаст.
Ба навиштаи муаллиф, аҳамияти баргузории вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму пажӯҳиш барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, ба вижа амалисозии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 нақши ҳалкунанда дорад.
Дар идома гуфта мешавад, ки идомаи ислоҳоти соҳаи илму пажӯҳиш, ки бояд ҳамқадами тамоюлҳои ҷаҳонӣ бошад. Чун дар суханронии худ Сарвари кишвар ҷиддан таъкид карданд, ки давлатҳои пешрафта ин дастовардро дар заминаи рушди илму пажӯҳиш ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, дар кишвар низоми санҷиши натиҷанокии фаъолияти илмию пажӯҳишӣ роҳандозӣ мегардад, ки як паҳлуи муҳими он интишори осори донишмандони тоҷик дар маҷаллаҳои маъруфи байналмилалӣ аст.
Ба хулосаи муаллиф, аз мазмуни суханронии Сарвари кишвар бармеояд, ки маблағгузории соҳаи илму пажӯҳиш ва маориф дар оянда боз меафзояд. Чун таъкид ба болобарии тавонмандиҳои инсонӣ дар кишвар бидуни илму пажӯҳиш ва маориф ҷавобгӯй ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ ғайриимкон аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 6 июн дар мавриди раванди барқарорсозии реактори таҳқиқоти ҳастаии “Аргус” дар Тоҷикистон матлабе нашр кардааст. Муаллиф бо такя ба маълумоти Афзалшоҳ Зарифзода раҳбари Пажуҳишгоҳи физика ва техникаи АМИТ навиштааст, ки хароҷоти умумии барқарорсозӣ ва ба кор андохтани реактори таҳқиқотии ҳастаии “Аргус” дар Тоҷикистон, 35 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Ба гуфтаи Зарифзода, реактори таҳқиқотии ҳастаӣ барои истеҳсоли маводи радиофармасевтӣ барои анҷоми ташхис, инчунин барои таҳлили фаъолгардонии нейтронӣ намунаҳои геологӣ ва назорати сифати вайроннашавандаи иншоот истифода мешавад.
Вай дар идома ба унвони мисол зикр кард, ки яъне изотопҳои радиоактивӣ (элементҳои кимиёвӣ) ба бадани бемор ворид карда шуда, радиатсияи ионизатсияи онҳо барои ошкор ё нест кардани омосҳо истифода мешавад. Ин усули табобати саратон бехатар ва бедард буда, натиҷаҳои он хеле самарабахшанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”