МАРЗ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Марз ё сарҳад шарти асосии мавҷудияти давлат буда, дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ муҳим аст. Бештар хосияти сиёсӣ дорад. Дар раванд ва ташаккули сохти давлатдорӣ масъулият барои ҳифзу ҳимояи он меафзояд. Зеро амнияти халқу давлат ба дараҷаи ҳимояти сарҳад вобаста мебошад. Агар дар замонҳои қадим масъулияти ҳимояи марзу бум ба зиммаи тоифаҳои алоҳида, лашкар ва халқ бошад, бо гузашти давронҳо ва рушду нумӯи сохти давлатдорӣ, беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ, вусъати сарҳад, қудратмандии ҳамсоягон ва амнияти аъзои ҷамъият авзо тағйир меёбад. Аз ин рӯ, ниҳодҳои хосса созмон дода мешаванд, ки бори масъулиятро ба дӯш мегиранд. Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рисолатро Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба уҳда дорад, ки ҳамакнун аз бунёди он 30 сол сипарӣ мешавад. Ба бунёд ҷавон аст ва таҷриба бузург. Дар саргаҳи бунёди Қӯшунҳои сарҳаддӣ Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Дар солҳои душвортарин, дар сессияи ХУ1 Шурои Олӣ, бо ташаббуси ӯ бригадаи махсуси марзбонон, иборат аз 1200 нафар таъсис дода шуд, ки минбаъд ба ниҳоди мукаммал дар ҳайати КДАМ табдил ёфт.

Дар бораи вазифа ва уҳдадориҳои ниҳод моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ” таъкид мекунад: ”…Намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.”

Аммо ҳимояи сарҳад вазифаи тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Вазифа ва рисолати шаҳрвандони мамлакат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва неруҳои қудратӣ дар Конститутсияи ҶТ равшану бармалост. Ин вазифа ва уҳдадорӣ дар моддаи 43-юми Конститутсияи ҶТ таъкид мешавад: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Мувофиқи он ҳар сокини созанда ва ватанпараст муҳофизи марзи давлат аст. Вале рисолати асосӣ ба дӯши фарзандони содиқ ва огоҳи кишвар, ки унвони марзбонро доранд гузошта шудааст. Онҳо давлату халқи худро муҳофизат мекунанд. Амиқтар биандешем рисолаташон ҳифзи забон, арзишҳои миллӣ, анъанот, таърихи бисёрасраи мардум, зебоиҳои ватан ва амну осоиши падару модар, хонаву дар, хешу бародар мебошад, ки муқаддас аст. Сарҳадбонони тоҷик амалеро анҷом медиҳанд, ки се даҳсола пештар империяи паҳновари Шуравӣ бо 250 миллион аҳолӣ ва иқтидори бемисли иқтисодӣ ва ҳарбӣ адо мекард.

Дар замони нав масъулияти марзбонон ба маротиб меафзояд. Ҳифзи сарҳад огоҳӣ, зиракии сиёсӣ, чолокию шуҷоатро тақозо мекунад. Зеро ниҳод дар хатти аввали муқовимат қарор дорад. Муқовимат на танҳо набард бо силоҳ аст, балки бо таълимот ва донишу огоҳӣ низ ҳаст.

Аз бунёди нахустин давлатҳо ҳифзи марз вуҷуд дошт ва то имрӯз ба тадриҷ меъёр, раво, вазифа ва василаҳои ҳифзи он такмил меёбад ва устувортар мегардад. Марзу сарҳад чун атрибути арзишманди давлатдорӣ бо ибораҳои шартӣ, ахлоқиву равонӣ таҳким ёфта, заминаҳои худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарвариро ба вуҷуд меоварад. Дар ин замина пайдоиши ибораҳои пурҳикмати «Марзи Ватан – Марзи номус», «Қарзи ватандорӣ», «Ҳадди ватандорӣ», ҳимояи «Ватан-Модар», ки бо анъана ва арзишҳои миллӣ, оини ватанпарастӣ тавъаманд, ҳар як шаҳрвандро дар ҳимояи давлати миллӣ ҳидоят ва вазифадор мекунанд. Ин замон ягонагии Тоҷикистон ишораи муҳим ва шинохташудаву эътирофгардида аз ҷониби санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳеҷ неру ва қуввае наметавонад тағйираш бидиҳад. Ва таъкиди қотеъона дар моддаи 7 –ум Конститутсияи ҶТ рӯшантар аст: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад…» (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2001. – С.4.).

Ин ҳама аз таҷрибаи таърихии халқамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ берун омада, такомул ёфта, ба санадҳои устувор мубаддал шудааст. Ва дар миён нақши ҳалкунандаро инсони бошараф, пухтаву зирак ва худшинос мебозад. Ба ҷуз аз сарҳади давлатӣ ҳадди шараф, номус ва виҷдон вуҷуд дорад, ки барои амният ва мавҷудияти миллат хеле муҳим аст. Фарҳангу арзишҳо, қоидаҳои нонавиштаи мардумӣ ва анъанаву русуму урфу одат низ марзи худро доранд. Ва таъсири ҷиддии фарҳанги бегона, ба он чи зикр шуд, маънои шикасти осори чандин асра, пояҳои давлату миллат аст. Бетарафӣ ва бетафовутӣ ва мусоидат кардан ба ин раванд аз ҳадди виҷдону шараф берун қадам ниҳодан мебошад, ки хиёнати ошкорост.

Таърих намунаҳои фаровонро ёд дорад, ки хиёнати ватандоре муҷиби шикасти давлату миллат ва хисороти афзуне шудааст. Яъне амният танҳо дар нигаҳдорӣ ва ҳимояи марз набуда, паҳлӯҳои фарогир дорад. Ҳимояи ҷони шаҳрвандон, захираҳои табиӣ, асрори иқтисод, фаъолияти пурҷабҳаи сафирон, фидокории гумрукчиён, айни замон афзун намудани неруҳои қудратӣ-мудофиавӣ аз вазифаҳои муҳим дар дифои амнияти давлат будааст.

Ва мардуми тоҷик дар ин самт таҷриба дорад. Ишора ба ҳамин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштагону имрӯзиён бо эътимод изҳор мекунад: «Таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бо нангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, ҳатто ҷони худро дареғ надошта, ҳар як ваҷаб хоки онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу эҳтиёт кардаанд».

Яқин аст, ки таҷрибаи тулонии давлатсозию давлатмеҳварӣ, ба истилоҳи дигар, мардумсозию мардуммеҳварӣ ба халқи тоҷик хос аст. Яъне тавонистаанд гирди ҳам биёянд, забону одату русуми ягонаро дар ҳудуди муайян созмон ва ҳунару санъату адабро густариш бидиҳанд. Дар ин замина тамаддуни бузурге биофаранд, ки дар сарнавишти башарият нақши боризе дошта бошад. Ниёгони бузургамон, ба мисли Куруши Кабир, Дориюш, Аршак, Анушервон, Яқуб ибни Лайс, Исмоили Сомонӣ дар ташкилу такмили давлатдорӣ хидматҳои арзанда кардаанд.

Ва акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати якҷинса нест. Дар он миллатҳои гуногун зиндагӣ доранд. Ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бо раво ва меъёрҳои устувор барҷост. Ҳамагуна фаъолият ва амал дар чорчӯбаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии эътирофшуда рӯйи кор меояд. Ба қавли муаррихон асрҳои тулонӣ марзу ҳудудро ҷангҳо ва империяҳои маҳаллӣ ва фарогир муқаррар мекарданд. Аз ин рӯ, борҳо марзҳо вайрон, давлатҳои эҷодкарда, ватани обод ва шаҳристонҳо ба харобазор табдил ёфта, дороиҳо ба ғорат рафтанд ва мардумонаш қатли ом шуданд. Ҳарчанд дар тули таърих ғоратгарон аз аҷдодамон давлатдорӣ, бунёди шаҳристонҳо, оину фарҳанг ва марзбандӣ омӯхтанд.

Мувофиқи пажӯҳиши муҳаққиқон давлатҳои куҳантаърих дар Осиёи Марказӣ: Бохтар, Суғд, Хоразм ва тамаддунҳои аввалияи бузург империяҳои Ҳахоманишӣ, Порт (занҷираи Ашконӣ) ва Кушониву Ҳафталиву Сосонӣ буданд. Маҳсули тафаккури давлатмардон бо ҳудуди паҳновари ҷуғрофӣ ва таъсису ташаккули низоми ҳарбӣ: лашкари разманда (савора ва пиёданизом) ва сохтори мукаммали фармондеҳон, сипаҳбудон ва сарбозон, кашфу такмили аслиҳаи ҷангӣ барои мардумони дигар ҳамчун мактаби таҷриба ба кор омад.

Хидмати арзандаи тамаддунҳои пешин боз дар он зоҳир мешавад, ки мардумони ориёиро аз шаклу симо то қоидаҳои нонавишта барои оянда ҳифз намуданд. Ва анъанаҳо, оину русуми аҷдодиро аз даврон ба даврон такмил дода, дар бунёди халқияти тоҷик саҳм гирифтанд. Забон, фарҳанги неруманд ва анъанаҳои устувор аслиҳаи муҳташаме буданд, ки қудрати душманонро шикасту ночиз кард. Чуноне, араб бо ҳамлаи паҳновараш марзҳои дарвлатдории ориёиро шикаст, вале дар фарҳанги ориёӣ ғарқ шуд. Аз сари зин фаромаданд, аз чодарҳо дар қасру иморатҳои муҳташам муқим шуданд, зиндагиву рӯзгори бодияро ба шаҳристонҳо бадал карданд. Аз донишу хату савод баҳравар гардида, сохтори идораи давлатро омӯхтанд. Ақвоми турк ва турктаборонро ҳамчунин сарнавишт пешорӯ омад. Ҳарчанд давлатҳо бо унвони сулолаҳои туркию муғулию манғитист, низоми идорӣ – дафтару девон, фарҳанг ва тарзи зист тоҷикӣ буд.

Ҳамакнун авзои ҷаҳони муосир дигаргуна аст. Агар дар замонҳои қаблӣ хати сарҳад марзи империя ё давлату миллат буд, ин замон чунин нест. Дар кишварҳои ба иқтисодӣ баланд ноил, дар дараҷаи тафаккури ба хирад ороста даврони деворҳои симхорпеч ва бархурдҳои мусаллаҳона сипарӣ шуд. Давлатҳо дар ҳалли мушкилоти паҳновар дастҷамъона амал мекунанд. Бозиҳои сиёсии аз умқи ғояҳои манфиатгаро берун шуда, ҷаҳонро ба ҳалқаи хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад. Аз сиёсати нодурусти ғояпарастони ибтидои асри XX будааст, ки сарзамини тоҷикнишин дар як ҳолат намонд ва халқҳои дорои фарҳанги муштарак дар ҳайати як кишвари воҳид нестанд. Авзои ҳамсоякишвари Афғонистон ба осудагӣ моил нест ва мардумонаш солҳост ба хоку хун оғуштаанд. Низоми нави иртиҷоӣ талоши бозгашт ба низоми асримиёна дорад, ки мардумро ба ҷаҳолату нодорӣ мебарад.

Ҳамакнун на танҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, балки ҷомеи ҷаҳон рубарӯи як қатор мушкилот аст: нооромии авзои сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва касодии фарҳанги ҷаҳонӣ; сиёсати геопалитикии кишварҳои абарқудрат барои манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ; василаҳои мухталифи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳои навтаъсис; муқовимат бо неруҳои муташаккилу мусаллаҳи фаромиллӣ ва гурӯҳҳои муташаккили экстремистӣ (ифротӣ). Дар ин роҳ истифодаи шаҳрвандони худбохта, ноогоҳ ва ҷоҳталабу гурӯҳҳои радикалӣ ва ғ.

Ин тамоюл то кунун барҷост, зеро василаҳои таъсир ва интиқол такмил меёбад. Акнун неруҳои эҷодгари хатар василаҳои тозаи технологӣ: сети умумиҷаҳонии интернет ва гунаҳои онро истифода мекунанд. Дар ин маврид парвариши шаҳрвандони зираку огоҳ ва мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ роҳи ҳалли масъала дар амнияти мамлакат хоҳад буд. Ҳамакнун шикасти марзҳо (фарҳанги ва давлатӣ) бо василаҳои тоза, таҳоҷуми кул: сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зуҳур намуда, дар ахлоқ, маданият, худшиносӣ, ватанпарастӣ зиёни ҷиддӣ ба бор меоранд, ки аз таҳоҷуми ҳарбию афзорӣ хатарноктар аст.

Ин ҳама аз аломатҳои ҷаҳонишавист, ки таҳаввулоти иҷтимоиро ба миён оварда, ба пойгоҳҳои амнияти мамлакат зарбаҳои муҳлик мезанад. Ба хусус таҳримҳои иқтисодӣ ва вуруди маводу маҳсулоти кимиёвӣ ба фалаҷгардонии иқтисоди дохилӣ мусоидат менамоянд. Дар ин маврид нақши истгоҳҳои гумрукӣ ва сарҳадӣ хеле муҳиманд. Ба василаи маводи ниёзи мардум ва бозичаҳои тифлона заҳролудшавии насл ба вуқуъ мепайвандад, ки набояд аз эътибор дур бошад. Ба хотири суди шахсӣ ва иқтисодию молиявӣ соҳибкоронро мебояд сари тандурустии миллат андеша намоянд.

Асри XXI замони технология ё фановарӣ аст. Ҷаҳонишавӣ ба ин васила ба кишварҳо сар дароварда, ба сохтори идеологӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ асар намуда, амнияти ҷомеаро зери хатар мегузорад. Ҳаводиси ҷаҳон суръат ва шиддат дорад. Бо равишҳои суннатӣ онро дарёфтан мушкил аст. Омӯзиши технологияи навин ва амалҳои дастаҷамъона ин равандро осон мегардонад. Аммо ба ҳеч ваҷҳ муҳимияти марзу марзбандӣ аз миён намеравад. Балки рисолату масъулияти марзбонон ба маротиб меафзояд. Реҷаи омадурафт тариқи хушкӣ ва роҳҳои ҳавоӣ беш аз пеш суръат мегирад. Ҷаҳон ба як хонаи бузурги бидуни марз табдил мешавад. Ҳама аз рӯзгори ҳамдигар ба воситаҳои технологияи нав (телевизион, радио, интернет, радифҳои маснуъ) бохабар хоҳад буд. Ва низ метавонанд ба ҳар василае ба рӯзгор ва тафаккури халқҳо таъсири рӯҳию равонӣ бирасонанд. Дар ҳамин раванд кишвари ҳамешабаҳоре мисли Тоҷикистон диққати сайёҳон, тоҷирон ва коршиносонро ҷалб менамояд. Мусаллам аст, ки ҳар нафар бо нияти хубу баде вориди мамлакат мешавад. Дарки дӯсту душман бо хирад ва тафаккури ҳамагир вобаста аст.

Ва ҷаҳони навин дунёи муносибат ва дарёфти манфиатҳои тоза ба хотири миллату давлат аст. Пазируфтани мардумони гуногун – меҳмонон ва муносибат дар сатҳи баланд аз афзалиятҳои замон хоҳад монд. Муносибати сара ва муомилаи хуб бурди давлат ва дороии миллат шуморида мешавад. Эҳтиёҷот талаботҳои зиёдро тақозо мекунад. Акнун дар сарҳад донандагони забонҳои гуногун зарурат доранд. Дар баробари ин ашхоси хушахлоқ, бетамаъ ва огоҳу зирак чун симои миллат ва давлат муаррифӣ мешаванд. Дар қиёс бо замони пешин, инак дар сарҳад гузаргоҳҳо васл шудаанд ва воситаҳои тафтиш ҳам афзудаанду воситаҳои рафту омад ҳам. Бар онҳо зам шудааст роҳи оҳан (рафту омади поезд). Як аз махсусияти замони нав мавҷудияти сарҳади давлат дар дохили мамлакат аст. Дар назар дошта мешавад майдонҳои ҳавоӣ ё фурӯдгоҳ (аэропорт). Афзудани нуқтаҳои санҷишӣ ва назоратӣ зиёд кардани миқдори масъулонро тақозо мекунад ва талаботро дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ба миён мегузорад. Дар ин раванд соҳоте, ки ба муҳофизати марзу бум дахл дорад, дучанд хоҳад шуд. Дар замони нав марзҳои ҳавоӣ (фазоӣ) низ ҳифз мешаванд. Дар ин самт бузургтарин дастовардҳои башарият, мушоҳидаву назорат аз кайҳон роҳандозӣ гардид. Ҳаракати техника, гирду ҷамъ омадани лашкару неруҳои ҳарбӣ аз кайҳон таҳти назорат мебошанд.

Дар баробари хониш ва парвариши насли огоҳу бохирад зарур аст, ки соҳоти варзиш ва лашкардорӣ тақвият ёбад. Насли ҷавон аз ҷасорат, шуҷоат, диловарӣ ва дасту панҷаи қавӣ бархурдор бошад. Замоне шиор ба тариқи зайл буд: «Он ҷо, ки размозмоӣ бояд, сухансароиро нашояд». Кунун ҳар ду ҳам сахт кор омадаст. Андешаи ҳазор сол қабли Фаррухӣ хуб қавӣ бувад:

Бинои мулк ба теғу қалам кунанд қавӣ,

Бад-ин ду чиз бувад мулкро шукӯҳу хатар.

Ҳама шаҳону бузургону хусравони ҷаҳон

Бад-ин ду чиз ҷаҳонро гирифта сар то сар.

Аз қалам ба кор гирифтан маънои донишвар будан аст. Овони дигаргуниҳои азим донишу андешаи саҳеҳро мепарварад. Ин замон дипломатҳо (сафирону фиристаҳо), гумрукчиён, марзбононро сухани қавӣ ва мусаллаҳ будан бо технологияи навин фарз аст. Омӯхтани аркон ва аҳаммияти марзу марзбонӣ дар донишгоҳҳои кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад, ки зарурати амнияти миллӣ ва давлатӣ тақозо дорад. Насли солим ва хирадсолори кишварро мебояд дар амну осоиш ҳамдасту ҳампаймони артишдорон бошанд. Аз қадим маъмул аст, ки: “Машварат бо ҳушёрон чароғи фикр барафрӯзад ва мубоҳиса бо донишмандон чашми хирад равшан кунад». Сиёсатмадорону масъулон ва андешамандон бояд огоҳ бошанду аз нақши фазилату дониш кор бигиранд, ки «андешаи соиб он намояд, ки аз шамшери буррон наояд”.

Ҷонибек Асрориён,

мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ