Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 бо 127 мамлакат тиҷорати хориҷиро густариш дод: содирот ва воридот афзоиш ёфт

Дар моҳҳои январ — декабри соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 127 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамлакатҳои ИДМ ва бо 117 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро анҷом додааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иттилоъ дод.

Инчунин гуфта шуд, ки дар соли 2025 нисбат ба моҳи декабри соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ 12,3 фоиз ё 124,1 млн доллар зиёд мебошад. Ҷамшед Нурмаҳмадзода  иброз дошт, ки  гардиши савдои хориҷӣ дар моҳи декабри соли 2025 нисбат ба моҳи декабри соли 2024 бо мамлакатҳои ИДМ 42,3 фоиз ё 163,9 млн доллар зиёд буда, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 6,4 фоиз ё 39,6 млн доллар кам шудааст. Дар соли 2025 содироти мол дар моҳҳои январ — декабр 2487, 9 млн долларро ташкил карда, ки нисбат ба соли 2024 27, 7 фоиз ё 540, 5 млн доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба Ҷумҳурӣ 8305,2 млн долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2024 18,5 фоиз ё 1297,6 млн доллар зиёд шудааст.

Сураёи Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”