Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати нақлиёти кишвар ва бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Конфронси байналмилалии “Роҳ ба сӯи Тян-Шон” баргузор гардид.
Дар кори он 300 нафар намояндаи баландпояи мақомоти давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аъзои Иттиҳоди Аврупо, СҲШ ва ЭСКАТО, ТРАСЕКО ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оғоз гардида, иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки Конфронс ба 10-солагии имзои Созишнома байни Ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи фарҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмиллалии автомобилӣ ва инчунин тадбиқи Созишнома дар бораи таҳкими ҳаикорӣ дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои ОМ, ки дар майдонҳои мулоқоти Панҷуми машваратии сарони давлатҳои ОМ 13 сентябри соли 2023 ба имзо расида буд, бахшида шуд.
Дар доираи конфронс вохӯриҳои кории вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ тибқи Созишнома миёни Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ ” Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ”, мулоқоти вазирони нақлиётии Осиёи Марказӣ + Чин ҷиҳати баррасии равандҳо ва вазифаҳои ҷорӣ ва минбаъда дар соҳаи нақлиёт баргузор шуданд.
О. ШАРИПОВА,
Радиои Тоҷикистон