Зеҳни сунъӣ ба 40% ҷойҳои корӣ дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад

Рушди илму техника ва навгониҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба тамоми соҳаҳои ҷамеа бетаъсир нест. Аз ҷумла дар гузориши нави Хазинаи байналмилалии асор омадааст, ки зеҳни сунъӣ ба 40% дарсад ҷойҳои корӣ дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад, ки пеш аз ҳама, инҳо касбҳои техникӣ ва таҳлилӣ мебошанд. Тӯли панҷ соли оянда дар натиҷаи рушди зеҳни сунъӣ 83 миллион ҷойҳои корӣ ихтисор мешавад. Ба андешаи олимону коршиносон ҳоло ин тамоюл ба бахшҳои илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ бинобар набудани технологияи соҳавӣ наметавонад таъсиргузор бошад.