Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» баргузор гардид. Муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятӣии “Хома” пешниҳод гардидааст. Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» гуфта шуд, муҳокимаи ҷамъиятӣ ба таҳкими эътимод байни парлумон ва намояндагони созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон мусоидат хоҳад намуд.
Дар оғози муҳокима узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҷибахон Ҷавҳарӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки кумита моҳи марти соли 2023 гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ВАО” таъсис дода буд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида, таҷрибаи кишварҳои мухталифи минтақа, таҳлили санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ВАО-ро омӯхтанд, гуфт Муҷибахон Ҷавҳарӣ. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки Гурӯҳи корӣ сохтор ва тарҳи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи ВАО”-ро таҳия намуда, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ВАО ва ҳуқуқшиносон онро муҳокима намуд. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳудуди 100 пешниҳоду таклиф ба даст омад, ки Гурӯҳи корӣ ҳамаи онҳоро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дод, мегӯяд Муҷибахон Ҷавҳарӣ.
Дар идома Шаҳло Акобирова директори Ташкилоти ҷамъиятӣии “Хома” баромад карда, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан бо ду қонун танзим карда мешавад – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”. Сарфи назар аз тағйироту иловаҳо ба қонунҳои мазкур, тараққиёти техналогия ва уҳдадориҳои байналмилалӣ моро водор мекунанд, ки ин санадҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шароити замонавӣ мутобиқ созем, гуфт Шаҳло Акобирова
Дар идома иштирокчиён фикру андешаҳои худро доир ба лоиҳаи қонун баён намуданд. Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» дар он аст, ки пеш аз пешниҳоди лоиҳа ба парлумон, он бо доираи васеи намояндагони мақомоти давлатию вакилони Парумони ҶТ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва журналистӣ бори дигар баррасӣ ва таҳрир карда шавад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”