Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, таҳлили раванди саноатикунонии иқтисоди кишвар, аҳамияти боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ дар амри пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, мубориза бо асароти тағйирёбии иқлим дар кишварҳои минтақа ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 апрел мақолае бо номи “Хуҷанд. Авлавият ба фаъолгардонии корхонаҳои аз кор бозмонда” чоп карда, масъалаи раванди саноатикунонӣ дар кишварро баррасӣ кардааст.
Муаллиф менависад, ки бино ба омори расмӣ, соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 25 корхона, аз ҷумла 15 корхонаи саноатӣ, фаъолияташро қатъ намуда, теъдоди зиёди шаҳрвандон бекор ва буҷети шаҳр аз воридшавии андози иловагӣ маҳрум гашт. Таъкид мешавад, ки баъзе коргоҳҳои хӯрду миёнаи истеҳсолӣ як муддати кӯтоҳ кор мекунанду халос.
Дар идома таъкид мешавад, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ шумораи корхонаҳои аз кор бозмонда бамаротиб коҳиш ёфта, 10-12 ададро ташкил медиҳанд. Вале дар муҳлати кӯтоҳ ба кор андохтани корхонаҳои боқимонда бо назардошти он ки, қисме аз онҳо мисли “Кабоол-текстайлз”, “Некӯ-Хуҷанд”, “Нассоҷи Хуҷанд” муштарак бо сармоягузорони хориҷӣ буда, қарзҳои бузурги бонкӣ ва дигар мушкилот доранд, имконнопазир мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 апрел бо нашри матлабе аҳамияти таҳсилоти миёнаи касбӣ дар низоми таҳсилотро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар ҷомеаи имрӯзи кишвар рӯз ба рӯз талабот ба ихтисосҳои ин зинаи таҳсилот бештар гардида, ба ихтисосҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, барномасозӣ, техникӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи довталабон чандин маротиба бештар шудааст.
Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023-юм 248 ҳазору 305 нафар довталаб ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро интихоб намуданд, ки аз таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои ин зинаи таҳсилот дарак медиҳад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ), фаъолият намуда, дар ин зинаи таҳсилот аз рӯи 10 самт: тиббӣ, педагогӣ, кишоварзӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳанг мутахассисон омода гардида, бо гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ ба истеҳсолот фиристода мешаванд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 9 апрел Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Красногорски вилояти Маскавро чоп кардааст.
Дар ин изҳорот, гуфта мешавад, ки сарони ҳайатҳои порлумонии кишварҳои узви СПАД дар Ассамблеяи парлумонии ин созмон амали террористии бераҳмона, ки рӯзи 22 марти соли 2024 дар вилояти Маскав анҷом дода шуда, боиси талафоти зиёди мардуми осоишта гардид, шадидан маҳкум мекунанд.
Дар баробари ҳамдардӣ ба қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ, Ассамблеяи парлумонии ин созмон омодагии худро барои муборизаи муштарак бо паҳншавии идеологияи террористию ифротгароӣ ва инчунин барои муқовимат ба ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиро тасдиқ мекунад.
Дар фарҷом бар идомаи муттаҳидсозии минбаъдаи кишварҳои узви СПАД ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид мешавад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар дод, ки ахиран Мавсума Муинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Артурван Дизен роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Ҳамкориҳои мо тавассути як қатор барномаҳо дар самтҳои мухталиф дар солҳои охир дар асоси уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз қабили Ҳадафҳои рушди устувор, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», аз ҷумла афзалиятҳои ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, амалӣ карда мешавад, — таъкид намуд Мавсума Муинӣ.
Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар такмилу таҳияи қонунгузории миллӣ ба хотири ҳифзи кӯдак, риояи ҳуқуқу озодии онҳо, саломатии кӯдакону наврасон, фаъолгардонии онҳо дар раванди дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъол буда, пайваста таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 апрел бо нашри мақолае натиҷаҳои фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар соли гузаштаро баррасӣ намудааст.
Нашрия менависад, ки айни замон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 96 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 35 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва 34 ширкат ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» рост меояд. Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои 1462 нафар ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо бошад, ба 2 млрд 350 млн сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара аввали соли равон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ гуфт, ки аз 34 корхонаи дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҳамагӣ 11 корхона фаъолият доранд.
“Аз 34 корхонаҳои ба қайд гирифташуда дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 11 корхона бо 186 ҷойи корӣ фаъолият мекунад. Як корхона берун аз Минтақаи озоди иқтисодӣ то 800 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунаду ҳазорҳо ҷойи корӣ дорад, дар дохили минтақа бошад, ҳамагӣ 186 нафар кор мекунанд. Ин хеле кам аст ва қонеъкунанда нест. Нисбати соли гузашта корҳо сустанд, барзиёдии ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ низ зери савол аст”- таъкид кард Сиҷоуддин Саломзода.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 11 апрел дар робита ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои мубориза бо асароти тағйироти иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ матлаби таҳлилие нашр кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар даҳ соли ахир Тоҷикистон аз Хазинаҳои байналмилалии иқлим ҳудуди 450 миллион доллар дарёфт кардааст.
Ин захираҳо пеш аз ҳама барои навсозии зерсохтҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва дигар фаъолиятҳо, вобаста ба иқлим равона карда шуданд. Аз ҷумла, 75 миллион доллар барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва навсозии зерсохтҳои мониторинги иқлим пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки маблағгузории тарҳҳои вобаста иқлим дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир аз 1 миллиард доллар гузашт.
Зикр мешавад, ки маблағгузории тахминӣ барои татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои 2023-2037, ба маблағи 2,1 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”