Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале,
Доми тазвир макун, чун дигарон Қуръонро.
Ростӣ, баъзе аз мардуми мо ончунон ба таассубу хурофот ва урфу одатҳои беҳуда пойбанд шудаанд, ки онҳо аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд. Бӯсидани хоки мазореву тавоф кардани он ва ё дар назди қабр ё мазоре қурбонӣ кардан чӣ маъно дорад? Пеш аз ҳама, мо бояд бидонем, ки таассуб чист ва хурофот аз куҷо сарчашма мегирад?
Таассуб дар фарҳанги форсии «Амид» ба маънии ҷонибдорӣ кардан, ҳамчунин, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тарафдории кӯр –кӯрона, мутаассибӣ ва хурофотпарастӣ низ омадааст. Назар ба андешаи Ҷамолиддин Хомушӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънои таассуб қабул накардани ҳақ ҳангоми зоҳир шудани далели ҳақ буда, он дорои анвоъи гуногун, аз ҷумла нажодӣ, миллӣ маҳаллӣ қавмӣ, лисонӣ, динӣ мазҳабӣ ва ғайра мебошад.
Таассуб дар раъйро чунин тавсиф кардаанд: таассуб назареро бидуни интихоб кардани вақти кофӣ барои таҳқиқи он ва бидуни эътибори он ки он назар мунсифона мебошад ё не ихтиёр кардан аст. Он раъйи интихобшуда мусбат аст ё манфӣ. Вале аз он бидуни эътибори далелҳои дастрасбуда тақлид карда мешавад. Масдару маншаи чунин таассубҳо қалби инсонҳост, майлу рағбати манфиатҳо, кибру ғурур, таъсири муҳиту забон, мафтун шудан ба илму раъйи худ мебошад.
Таассуб худ як мусибатест, ки баъзан бузургонро ба тасарруф ва фикру назари хато расондааст ва таъсири он хатоҳо то замони мо расидааст. Шайтон, ки душмани қасамхӯрдаи башар мебошад, аз замони ҳазрати Одам то имрӯз ҳазорон маротиб аз тариқи таассубҳои нажодӣ, миллӣ динӣ ва ғайра ба қалби инсонҳо роҳ ёфта, башариятро дар муқобили ҳамдигар шӯрондааст ва хуни миллионҳо нафар дар чунин ҷангҳо ва адоватҳои таассубӣ рехта шудааст. Бинобар ин дини мубини ислом тамоми анвои таассубро ҳалоксозанда ва ҳаром эълон кардааст. Ислом ҳамеша зидди таассуб аст ва ҳамеша ба пайравонаш таъкид мекунад, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва худопарастӣ бояд зиндагӣ намоянд.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Хомушӣ, дигар навъи эътиқод, ки дар қалби инсонҳо пайдо мешавад ва онҳоро аз роҳи мустақим мунҳариф месозад, ин хурофот аст. Худи калимаи хурофот, чуноне ки дар «Ғиёс – ул – луғот» оварда шудааст, аз Хурофа ном як марди араб гирифта шудааст. Ӯ гуё ба париён ошиқ шуда буд ва суханҳое мегуфт, қи мардум ба онҳо бовар намекард. Аз ин рӯ, минбаъд ҳар касе сухани беҳуда ва бемаъно мегуфт, ӯро ба ҳамон нисбат дода, мегуфтанд, ки хурофот мегӯяд. Он батадриҷ дар байни мардуми мо низ паҳн шуд.
Хурофот бидуни маншаи динист. Он ба оятҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ ва ба иҷтиҳоди муҷтаҳидони мазоҳиб, хусусан аҳли суннат мутобиқат ва мувофиқат надорад. Яке аз шаклҳои хурофот ин сеҳру ҷодугарист, ки зуҳуроти он дар байни мардуми мо дида мешавад. Қонунгузорӣ нисбат ба онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, муҷозот таъин кардааст. Бо вуҷуди ин иддае ба фолбинию ҷодугарӣ машғуланд ва мардумро ба доми фиреб мекашанд. Ҳол он ки ягон фолбин ва ё соҳир ба дарди касе намехӯрад. Агар молу колои онҳо дуздида шавад ё ба ягон мусибате дучор оянд, ҳамон мушкилоти худро ҳал карда наметавонанд.
Ба андешаи Абдулвоҳид Ҳомидов, мутахассиси раёсати мазкур, ба ғайри Худованд мустақиман аз ин ё он мазор ва ҷои муқаддас ёрӣ талаб кардан хатост. Вале ба ҳурмати Паёмбар, амокини муқаддас, амали солеҳ ва ғайра аз Худованд ёрӣ талаб намудан, яъне, тавассул, восита ҷустан дуруст аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ бӯсидани мазору санг, панҷараву дарахт ва бастани латтаву ришта ба онҳо раво нест.
Ҳоҷиён хуб огоҳӣ доранд, ки ҳангоми зиёрати мақбараи Паёмбар Муҳаммад (с) дар Мадина баъзеҳо мехостанд панҷараро бибӯсанд, вале посбонҳо «ҳаром – ҳаром» гӯён онҳоро аз ин роҳ мегардонданд ва ҳатто он касонеро, ки гӯш намекарданд, ба китфу тахтапушташон бо калтакчаҳои резинӣ мезаданд. Ҳамин ҳақиқат моро водор месозад, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва урфу одатҳои носавобу зиёдатӣ, ки иҷрои онҳо ҳеҷ зарурияте надорад ва баръакс моро ба куфру бидъат ва ширк мебарад, даст кашем.
Мунаввари Сафар