Дар Хатлон нақшаи даъват давоми як ҳафта 60% иҷро шудааст

Дар давоми як ҳафта аз ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон 60 фоиз иҷро шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Муъминобод ва Фархори вилояти Хатлон дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дода буданд.

Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар давоми як ҳафта ба муваффақиятҳои басо ҳам хубу назаррас ноил гардиданд.

Дар асоси фармони болозикр ҳамчкнин хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.